Дар Женева шиканҷа дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад

Имрӯз, 7 ноябр Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева гузориши Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷаро баррасӣ хоҳад кард. Сафири Тоҷикистон дар Женева Салоҳиддин Насриддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳси вазъи Тоҷикистон дар ин нишаст ду рӯз давом хоҳад кард. Қарор аст, дар ҷаласаи Женева гузориши давлат дар бораи вазъи мубориза бо шиканҷа ва ҳам гузориши алтернативии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шунида шавад.

Аз ҷониби давлат барои ширкат дар баҳси масоили шиканҷа додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода, Омбудсмен Зариф Ализода, раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов, муовини аввали вазири умури дохила Нуруллоҳ Орипов ва нафарони дигар ба Женева рафтаанд.

Гузориши алтернативӣ дар бораи вазъи мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистонро ҳомиёни ҳуқуқ Сергей Романов, Гулчеҳра Раҳмонова, Татяна Хатюхина ва Таҳмина Ҷӯравева муаррифӣ мекунанд.