Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши нерӯманди Покистон бо нашри баёнияе алайҳи талошҳо барои заъиф кардани он ҳушдор додааст. Ин баёнияи камсобиқаи Ашфақ Каёнӣ дар замоне нашр шуд, ки артиши Покистон зери фишори рӯзафзуни ҳукумат, матбуот ва низоми додгоҳии ин кишвар қарор гирифтааст. Генерал Каёнӣ рӯзи душанбе гуфт, қудрати артиш аз ҷомеа сарчашма мегирад ва ҳар талоше барои эҷоди хусумат миёни мардум ва артиш, барои амнияти миллии Покистон хатар эҷод мекунад. Ин изҳороти ӯро матбуоти маҳаллӣ, посухе ба Додгоҳи Олии Покистон хондаанд, ки моҳе пеш бо судури як амри камназир аз генералҳои артиш хост, дахолат ба умури сиёсиро бас кунанд. Дар таърихи 65-солаи Покистон аксаран генералҳо ҳукумат карда ва чанд бор табаддулоти давлатӣ анҷом додаанд.