"Тиҷоратҳои наздик ба вазирон махсус тафтиш мешаванд"

Мошинбозори шаҳри Душанбе.

Сар аз 1-уми январи соли 2013, тафтиши соҳибкорон аз ҷониби ниҳодҳои андозситонӣ, чаҳор маротиба коҳиш хоҳад ёфт.
Лутфулло Саидмуродов, доктори илмҳои иқтисодӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сар аз соли оянда барои нахустин бор дар кишвар меъёрҳои байналмилалии санҷиши соҳибкорон ҷорӣ мешавад.

Ҷаноби Саидмуродов бо такя ба таҳлилҳо афзуд, ки аз соли оянда хароҷоти давлатӣ барои гузаронидани тафтишҳо ду маротиба коҳиш ёфта, хароҷоти соҳибкорон низ, ки ба санҷишҳо дахл доранд, 38 дарсад кам мегарданд.

Ба гуфтаи Лутфулло Саидмуродов, айни ҳол шикоятҳо зиёданд, ки кормандони

Лутфуллоҳ Саидмуродов

андоз гоҳу ногоҳ соҳибкоронро мавриди санҷиш қарор медиҳанд: «Аммо аз соли оянда санҷишҳо аз рӯи баҳодиҳии хавфи вайрон намудани қонунгузорӣ, гузаронда мешавад. Хавфи қонунвайронкунӣ дар ин ё он корхона аз рӯи меъёрҳои махсуси байналмилалӣ баҳо дода мешавад.»

Лутфулло Саидмуродов таъкид намуд, ки ин ҳама дар ҳоле амалӣ хоҳад шуд, агар мақомоти андоз меъёри навро беғаразона пайгирӣ намоянд. Аммо дар доираҳои соҳибкорӣ ба шаффоф амалӣ шудани низоми нав шубҳа доранд ва изҳор медоранд, ки санҷишҳо дар кишвар ҳамоно аз рӯи меъёрҳои хешутаборӣ ва шиносбозӣ амалӣ хоҳанд шуд ва бештар соҳибкорони ба истилоҳ «бепушт», мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт.

Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон тафриқандозиро миёни андозсупорандагон ва бештар мавриди санҷиш қарор додани соҳибкорони ба истилоҳ «бепушт»-ро қатъиян инкор мекунад. Давлатов зимни нишасти ахири матбуотиаш дар Душанбе таъкид карда буд, ки талош мекунанд тиҷоратҳои вобаста ба мансабдоронро пеш аз ҳама мавриди санҷиш қарор диҳанд, то барои дигарон намуна шавад.

Раиси Кумитаи андоз мегӯяд, ягон вазири тоҷик шахсан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нест: «Ҳеҷ вақт ягон вазир рафта ба тиҷорату фаъолияти соҳибкорӣ машғул намешавад. Агар соҳибмулк вай бошад, аз номи вай дар асоси
ваколатнома хешовандонаш ё ягон шахси боваринок кор мекунад ва андозсупоранда ин шахс маҳсуб меёбад. Албатта мо маълумот дорем, ки ин ё он маркази савдо ё бозор аз кӣ аст. Ман вақте кормандонро ба санҷишҳо равон мекунам, супориш медиҳам, ки бештар ба ҳамин корхонаю ташкилотҳои мансабдорон аҳамият диҳанд, то ба дигарон намуна шаванд.»

Раиси Кумитаи андоз эътироф кард, ки гоҳе аз ҷониби соҳибмулкони баландпоя дахолат ба фаъолияти мақомоти андоз сурат мегирад: «Баъзан мешавад, ки соҳибмулк муроҷиат мекунад, даъват мекунад. Албатта мо мефаҳмонем, ки кӯшиш кун одами боваркардаат тавре кор кунаду андоз супорад, ки ҳам нисбати фаъолияти худат ва ҳам нисбати мо эрод нашавад».

Дар ҳамин ҳол Созмони молиявии байналмилалӣ, яке аз зерсохторҳои Бонки ҷаҳонӣ имсол муҳити соҳибкории Тоҷикистонро омӯхта, бо такя ба натиҷаҳои пешакӣ эълон медорад, ки корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ сарчашмаи асосии мушкилоташонро дахолати ниҳодҳои давлатӣ меҳисобанд. Таҳлилгарони Созмони молиявӣ пешниҳод доранд, ки дар Тоҷикистон бояд модели муносибати ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони бахши хусусӣ, нав гардад.