Ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон густариш меёбад

Бино хабари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи шанбе ба нашр расид, ин бонк дар ду марҳила ба Тоҷикистон 38 миллион доллар медиҳад, то ин кишвар холигоҳи будҷаи худро пур кунад ва низоми андозро ба танзим дарорад.

20 миллион доллар аз силсилаи маблағҳоест, ки дар соли 2009 ба тавофуқ расида буд, то Тоҷикистон пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиро паси сар кунад ва заминаҳои коҳиши фақрро фароҳам орад.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ин маблағҳо дар бахшҳои беҳдошту маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди бахши хусусӣ ба масраф хоҳад расид.

18 миллион доллари дигар барои танзим ва такмили низоми андоз ё молиёт сарф хоҳад шуд. Ҳадафи ин тарҳ таъмини шаффофият дар андозситонӣ ва мубориза бо иқтисоди сояӣ мебошад.

Ин тарҳро Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 таҳия карда буданд.
Ҳоло бонки мазкур дар Тоҷикистон 14 тарҳро иҷро мекунад ва арзиши ин тарҳҳо дар маҷмӯъ 236 миллион долларро ташкил медиҳад. Аксари ин тарҳҳо бахши энержии обиро дар бар мегирад.