Ҳамраъйии ВАО-и тоҷик ба расонаҳои масдудшудаи Эрон

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз маҳдуд шудани пахши расонаҳои Эрон дар кишварҳои аврупоӣ нигаронӣ карданд.
Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 2-юми ноябр, зимни як нишаст дар Душанбе, аз маҳдуд шудани 19 расонаи хабарии Эрон, ки дар Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ пахш мешуданд, изҳори нигаронӣ намуданд. Ин нигаронии хабарнигорони тоҷик дар ҳолест, ки 13 октябри соли равон пахши 19 шабакаи моҳвораии Эрон дар кишварҳои Ғарб қатъ шуд ва бо гузашти 17 рӯз аз ин ҳодиса созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳодияи Аврупо вокунише ба он нишон надодаанд.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва созмони "Индем" гуфтанд, омодаанд барои ҳамраъйи бо ирсоли номае аз Иттиҳодияи Аврупо ҳалли ин қазияро дархост кунанд.

Дар ҳамин ҳол Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори тоҷик ва аъзои Шӯрои ВАО-и кишвар мегӯяд, новобаста аз он, ки Эрон ё ҳар давлати дигар ба чунин мушкил

Хилватшоҳи Маҳмуд

рӯбарӯ шудааст, бояд аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон пуштибонӣ кард. «Табиист, ки дар даҳсолаи ахир расонаҳои зиёди интернетӣ дар Эрон рӯи кор омад ва боиси ташвиши кишварҳои аврупоӣ ҳам шудааст. Бубинед, сабаби масдуд кардани кадоме аз ин расонаҳо шарҳ дода нашудааст ва ё ҳукми додгоҳ нест, чун барои мисол бояд эълон мешуд, ки пахши хабари шабакаи «Ал-олам» боиси ба шӯр овардани оламиён шудааст. Вале ягон омиле вуҷуд надорад ва албатта бесабаб қатъ кардани бахши барномаҳои шабакаҳои эронӣ боиси нигаронист».

Баҳмани Меҳрубонӣ, намояндаи Садо ва симои ҶИЭ дар Тоҷикистон гуфт, ки ширкати «ЮТЕЛСЕТ» ҳанӯз 9 соли боқимондаи қарордодро таъмин накардааст ва бо вуҷуди ин ширкати мазкур ба масъулони ширкати фаронсавие, ки пахши хадамоти расонаиро дар ҷаҳон таъмин мекунад, дастур додааст, то барномаҳои 19 шабакаи моҳвораии Эронро дар кишварҳои аврупоӣ қатъ кунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Меҳрубонӣ, ширкати «ЮТЕЛСЕТ» дар ҶИЭ аз тариқи моҳвораи «HOTBIRD» бештар аз ҳазор шабакаро дар фазои Эрон мунташир мекунад.

«Шабакаҳои «Ал-олам», «Ал-кавсар», «Саҳар-1,2» , «Ҷоми ҷам 1, 2», «Қуръон» ва «Хабар» на танҳо мухотабони худро дар Эрон балки онҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳастанд. Чи гуна мо таҳаммул мекунем, магар телевизионҳои Эрон чи пахш мекунад, ки ин кадар гунаҳкор шудааст? Таҳримҳои зиёде дар бахшҳои низомӣ, маводи ғизоӣ, маҳсулоти дорувориву кишоварзӣ роҳандозӣ кардан, аммо дидан, ки ин таҳримҳо корсоз нест, пас фишор оварданд ба афкори умум».

Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон гуфт, дар кишварҳое назири Амрикову Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон бо баста шудани хурдтарин расона тамоми созмонҳои байналмилалӣ вокуниш нишон медиҳанд, аммо чаро ин созмонҳо пас аз масдуд шудани 19 манбаи хабарӣ, ки онҳо мухотабони зиёди худро дар кишварҳои дунё доранд, хомӯширо ихтиёр кардаанд? «Мо бояд дар ин маврид нуқтаи назари худро гуфта тавонем ва аз ҳамкорони эронии худ пуштибонӣ кунем. Мо агар ба мувофиқа расида як изҳоротеро аз тариқи расонаҳое ки дар кишвар фаъол ҳастанд пахш кунем ва онҷо хотирнишон кунем, ки чаро созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли ин қазия хомӯшанд».

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, расонаҳои эронӣ аз қабили «ПрессТВ», «Ал-олам» ва «Ал-кавсар» дар муддати кӯтоҳи фаъолияташон тавонистанд, ба унвони расонаҳои алтерантивӣ дар арсаи ҷаҳони ҳузур пайдо кунанд. Ба ақидаи ӯ, таҳримҳо набояд зидди озодии баён нигаронида шаванд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!