Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милал мегӯяд, ки тоҷикони муқими Ню-Йорк аз тӯфони "Сенди" осеб надидаанд.
Теъдоди қурбониёни тӯфони “Сэнди” дар Амрико боз ҳам афзоиш ёфт. Хабаргузориҳо навиштаанд, дар маҷмӯъ 63 нафар ва фақат дар шаҳри Ню-Йорк беш 20 кас ҷон бохтаанд.
Айни ҳол дар иёлатҳои воқеъ дар соҳилҳои шарқии Амрико корҳои барқарорсозӣ идома дорад. Дар Ню-Йорк баъзе муассисаву мағозаҳо дари худро боз карданд. Аммо метрои шаҳр баста аст ва ин шаҳрвандонро маҷбур сохтааст, то аз мошинҳои худ ва таксӣ бештар истифода кунанд. Афзоиши мошинҳо дар хиёбонҳо боиси раҳбандиҳо шудааст ва аз ин рӯ шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блумберг амр кард, ки вуруди мошинҳои хусусӣ ба Манҳеттен то рӯзи ҷумъа маҳдуд шавад. Дар ҳамин ҳол дари бештари муассисаҳо дар Ню-Йорк ҳанӯз ҳам баста аст.
Сироҷиддин Аслов, раиси ҳайати намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Милал, мегӯяд, тайи се рӯзи охир мушкили бебарқӣ ва робитаи доимии телефонӣ гиребонгири дафтари Созмони Милал дар Ню-Йорк ҳам буд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дипломати тоҷик гуфт, ҳоло дар шаҳр “пайи номуборак”-и тӯфон зиёд ба чашм мерасад ва аммо поккорӣ шурӯъ шудааст ва ҳама умедворанд, ки ба зудӣ зиндагӣ ба маҷрои пешин ворид мешавад.
“Чанд рӯз роҳҳои асосӣ, купрукҳо, нақбҳо баста буданд. Мешунидем, ки дар як тарафи шаҳр сатҳи оби уқёнус то чаҳор метр баланд шудааст. Метро ва нақбҳо то ҳол пуробанд. Мо мебинем, ки вазъ беҳтар мешавад, аммо баъзе мағозаву муассисаҳо ҳанӯз ҳам кор намекунанд”,-мегӯяд ӯ.
Ҷаноби Аслов илова кард, ки “мо интизорем, фардо-пасфардо СММ ба кори мӯътадил сар кунад, зеро феълан вақти ҷаласаҳои муҳими Маҷмаии умумист ва шаш кумитаи он корҳои зиёдеро бояд анҷом диҳанд.” Ба гуфтаи ӯ, қатъномаҳои Маҷмааи кулли СММ асосан тайи се моҳи охири сол қабул мешаванд.
Дипломати тоҷик меафзояд, бар асари тӯфон нақшаҳои кории онҳо баҳам рехтаанд. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, ду сол пеш бо ибтикори Тоҷикистон қатъномаи Маҷмааи кулли СММ барои эълони соли ҳамкориҳо дар бахши об пазируфта шуда буд ва акнун дипломатҳои тоҷик дар садади таҳияи қатъномаи нав оиди баргузории ду маъракаи муҳим дар соли ояндаанд - яке Муколамаи сатҳи олии Маҷмаии кулли СММ ва дигаре – конфронси байналмилалӣ ва ҳарду дар робита бо ҳамкориҳо дар бахши об. Аз ҷумла, бояд конфронси байналмилалӣ аввалҳои моҳи сентябри соли оянда бо ширкати сарони кишварҳову ҳукуматҳо ба нақша гирифта шавад.
Сироҷиддин Аслов мегӯяд, дар робита ба тарҳи қатъномаи нав ду дафъа бо намояндагиҳои дигар кишварҳо машваратҳо доир карданд, вале идомаи ин кор ба мушкил мувоҷеҳ шуд - тайи се рӯзи охир бар асари тӯфон ҳама чорабиниҳо дар СММ лағв шудаанд. “Тӯфон на фақат ба ин кишвари бузург харобӣ овард, балки барномаҳои моро ҳам хароб кард”,-мегӯяд дипломати тоҷик. Ба гуфтаи ӯ, баста будани фурудгоҳҳои Ню-Йорк низ ба кори дипломатҳо мушкили ҷиддӣ ворид кардааст. Ба гуфтаи ҷаноби Аслов, “санаи бисёр барномаҳои мо дигар мешавад. Фардо мо бояд бо баъзе меҳмонҳо аз Аврупо мулоқот мекардем, аз ҷумла, раиси Созмони ҷаҳонии метролоҷӣ Мишел Жарро ва раиси ЮНЕСКО Ирина Бокова бояд ба Ню-Йорк меомаданд. Акнун рӯзҳои ин мулоқотро бояд аз нав ҳамоҳанг кунем. Меҳмонон ба он хотир наомаданд, ки фурудгоҳҳои Ню-Йорк баста буданд ва тайи се рӯз 16 ҳазор парвоз лағв шуд. Мо алҳол намедонем, ки меҳмонҳои дигари мо кай метавонанд биёянд, чунки ҳоло ягон кас намедонад ҳавопаймоҳо кай ва дар кадом хатсайр аз ин ҷо парвоз мекунанд ё кай дар ин ҷо фуруд меоянд.”
Сироҷиддин Аслов мегӯяд, тӯфон ба нафаре аз кормандони намояндагии Тоҷикистон дар СММ осеб нарасондааст. “Мо бо иддае аз тоҷикони муқими Ню-Йорк ҳам дар тамос шудем ва фаҳмидем, ки, хушбахтона, ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд”,-гуфт дипломати тоҷик ва афзуд, ки онҳо ба зудӣ бо сафорати кишвар дар Вошингтон дар тамос мешаванд, то яқин кунанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз чанголи “Сэнди” бидуни осеб раҳо шудаанд.