Сарвазири Исроил вориди Порис шуд

Бенямин Нетаняҳу

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу имрӯз вориди Порис шуд. Ӯ гуфт, ки раҳбарони Фаронсаро ба кумак барои ташдиди таҳримоти зидди барномаҳои ҳастаии Эрон даъват хоҳад кард. Ин нахустин дидори Нетаняҳу бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд аст, ки 5 моҳ пеш ба қудрат расид. Исроил ва кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки Эрон дар пайи сохтани бомби ҳастаист. Теҳрон инро радд мекунад.