Муовини муфтии Тоҷикистон иҳотагирӣ ё «облава»-и навҷавононро барои сафарбарӣ ба артиш «амали нодуруст ва бешармона» номид.
Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасте дар додситонии вилояти Хатлон, гуфт, ба ӯ аз шумораи қобили мулоҳизаи ҷавонони хатлонӣ дар бораи мавриди боздоштҳои ноогоҳона қарор гирифтанашон аз сӯйи намояндагони комиссариати ҳарбӣ ё дигар аъзои комиссияи даъват ба артиш шикоятҳо мерасад, ки бидуни риояи қонуният дар кӯчаю хиёбонҳо сурат мегирифтааст.
Истилоҳи «облава», ки солҳои охир дар миёни ҷавонон зиёд истифода мешавад, маънои ба тариқи «иҳотагирӣ» боздошт ва ба артиши миллӣ сафарбар намудани ҷавонписаронро дорад. Ба иддаои шоҳидон, масъулони комисияҳои даъвати ҳарбӣ ба хотири зудҳангом иҷро кардани нақшаи сафарбарии ҷавонон ба артиш, гоҳе ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, ҷавонони синни сарбозиро «боздошт» ва иҷборан ба қисмҳои низомӣ равона мекунанд.
Аммо ба иддаои Саидҷони Сорбонхӯҷа, чунин «облава»-ҳо боиси коҳиши обрӯи мақомоти давлат ва дилсардии ҷавонон аз хизмати низомӣ гашта, гоҳе оқибати нохуш дорад: «Чанде пеш дар Душанбе як сарбоз худро ба дор овехт. Бо хохиши вазорати дифоъ рафта маросими ҷанозаашро анҷом додем. Ҷавононро ба таҳаммулпазирӣ даъват кардем, ба оромӣ, қонунҳои шариатро фаҳмондем. Аз мақомоти давлатӣ хоҳиш мекунам, ки аз қади кӯча, бе огоҳӣ ҷавонони фарзанддор, умуман ҷавононро ғайриқонунӣ облава накунед. Мо дар кадом замон зиндагонӣ мекунем? - Дар давлати ҳуқуқбунёд. Илтимос, даъвати моро ба инобат гиред, ба масъулони комиссияи даъват фаҳмонед, ки дар кӯчаҳо дуздҳо барин кофта нагарданд, айб аст, шарм аст.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои масъулони комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, то имрӯз беш аз 60 дарсади дурнамои сафарбарии ҷавонон ба артиш ба иҷро расида, аммо ягон мавриди тариқи «облава» ё иҳотагирӣ ба нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб шудани ҷавонон ба қайд гирифта нашудааст. Додситонии ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа низ мегӯяд, ки имсол ягон далели боздошт ва сафарбарии ғайриқонунии ҷавонон ба артишро ошкор накардааст.
Як намояндаи комиссариати ҳарбӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки дар ду соли охир шумораи ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, рӯ ба коҳиш ниҳодааст ва агар ҷавононро иҷборан ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб насозанд, имкон дорад, ки нақшаи имсолаи сафарбарӣ ба артиш иҷро нашавад.
Аммо хонуме бо номи Отифамоҳ, ки сокини яке аз навоҳии сарҳадии вилояти Хатлон аст, мегӯяд, писарашро намояндагони комиссияи даъват бидуни ироаи даъватномаи расмӣ, дар кӯча боздошт ва ба Қӯрғонтеппа, ба комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, ирсол кардаанд. Ин зан, ба гуфтаи худаш, танҳо пас аз ҷустуҷӯҳои дурӯза муваффақ шудааст, ки нишонии писари худро дарёбад.
«Омадам ба комиссариати ҳарбии вилоят, аммо ин ҷо ҷавононро пушти панҷара нигоҳ дошта, намегузоранд, ки ба дидорашон расем. Охир ин ҷо маҳбас нест, масъулони комиссариат мегӯянд, ки мумкин нест ворид шудан, равед аз ин ҷо, имрӯз «отправка» нест. Магар қонун боздошти ғайриқонунии инсонро иҷозат медиҳанд? магар облава қонунист?»
Аммо дар миёни волидони саргардон дар комиссариати ҳарбӣ ҳамчунин нафаронеро вохӯрдан мумкин буд, ки ихтиёран писарашонро ба хизмати сарбозӣ фиристодаанд. Пирмаҳмад Саидов, сокини ноҳияи Ёвон, мегӯяд, борҳо писари 19-солааш ташвиқ кардааст, ки таҳсилашро дар мактаби олӣ идома диҳад, аммо азбаски писараш саркашӣ кардааст, ӯро ба сифати ҷазо ба комиссариати ҳарбӣ овардааст.
Баҳсҳо бар сари сафарбарии маҷбурӣ ба артиш ё «облава»-и ҷавонон дар ҳолест, ки ба иттилои расмию ғайрирасмӣ ҳар сол дастикам 10 сарбози нерӯҳои мусаллаҳ ҳангоми адои хизмати низомӣ даст ба худкушӣ мезананд. Яке дигар аз ҷабрдидаҳои «облава» Муҳаммадрауф Шарифови 26-сола аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аст, ки ба ҳангоми фирор аз таъқибгаронаш (онҳое, ки мехостанд ӯро «облава» кунанд), ба ҷарӣ уфтода, маъюб шудааст. Маҳмадрауф пас аз он ҳодиса, ки дар моҳи ноябри соли гузашта сар зада буд, то ҳанӯз наметавонад роҳат роҳ гардад, чун сутунмӯҳрааш шадидан осеб дидааст.
Сайрон Шехова, модари Маҳмадрауф, мегӯяд, ҳарчанд таъқиби писараш аз сӯйи масъулони комиссияи даъвати ҳарбӣ хилофи қонун сурат гирифта, ин ҳодисаро низ одамони зиёде шоҳид шудаанд, ҳеҷ яке аз омилони маъюбияти писараш ба муҷозот кашида нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ниҳодҳои тобеи вазорати мудофиа аз кори имом-хатибони масоҷид ва уламои исломӣ интиқод мекунанд, ки дар амри боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳавсала нишон намедиҳанд. Мақомот бо таваҷҷуҳ ба нуфузи уламои исломӣ дар миёни ҷавонон, аз онҳо даъват кардаанд, ки дар мавриди зарурати адои хизмати низомӣ барои ҷавонон амри маъруфҳо кунанд, то ки ҷавонон довталабона ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бипайванданд.