Муштзани афғон Ҳамид Раҳимӣ боз дар як сабқати бокси ҳирфаӣ дастболо шуд.
Аммо ин дафъа ӯ дар набарде дар ватанаш, дар Кобул, пирӯз шуд -- дар шаҳре, ки чанд даҳсола боз мардумаш чашминтизори сабқати бокси ҳирфаӣ буданд.
Ҳамид Раҳимӣ дар раунди ҳафтум рақибаш Саид Мбелва аз Танзанияро ба нокаути “техникӣ” фиристод ва довар идомаи сабқатро нозарур шумурд.
Баъд аз пирӯзӣ даҳҳо тан аз ҳаводорон ба саҳна баромаданд, то Раҳимиро бо пирӯзияш табрик гӯянд. Қувваозмоӣ дар хаймаи махсусе баргузор шуд, ки, таври маъмул, барои нишастҳои сарони қабоил истифода мешавад.
Ҳамид Раҳимӣ баъд аз қувваозмоӣ гуфт, ки ин сабқати мавсум ба “Муборизаи Афғонистон барои сулҳ”-ро ба хотири муттаҳид сохтани мардуми кишвараш баъд дар даҳсолаҳои ҷанг ташкил кардааст.
Ҳамид Раҳимӣ соли 2003, баъди он ки ӯро мураббии олмонии зодаи Ямайка Оуэн
Рис таҳти қаноти худ гирифт, ба таври ҷиддӣ ба машқи бокс пардохт. Баъд аз се сол ӯ дар нахустин сабқати бокси ҳирфаӣ дар Олмон бо тахаллуси “Аждаҳо” ширкат кард.
Моҳи феврали соли равон Ҳамид Раҳимии 29-сола дар набард бо муштзани белорус Руслан Родивич дар Ҳамбург унвони қаҳрамони ҷаҳон дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи ҷаҳонии боксро соҳиб шуд. Баъд аз ин ӯ бо даъвати Кумитаи олимпии Афғонистон ба Кобул сафар кард ва ӯро раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай ба ҳузур пазируфт ва ӯро бо нишони давлатии Мир Масҷид Хон сарфароз гардонд. Ин медал ба номи як қаҳрамони афғон дар ҷанги зидди бритониёвиҳо дар қарни 19 мебошад.
Ҳамид Раҳимӣ, ки аз хонаводаи аққалияти қавмии ҳазора аст, соли 1992 вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, ҳамроҳ бо волидайнаш ба Олмон ҳиҷрат кард ва дар он ҷо ба воя расид.
Модари ӯ Фотима Раҳимӣ баъд аз тақрибан 20 сол рӯзи сешанбе вориди Кобул шуд, то набарди писарашро тамошо кунад. Қабл аз сабқат ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ба пирӯзии писараш мутмаин аст. “Ман умедворам, ки писарам пирӯз мешавад, зеро ман мебинам, ки ӯ чӣ гуна шабу рӯз заҳмат мекашад”