Ҳалокати ду сарбози хориҷӣ аз тири "полис"-и афғон

Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, як марди либоси полис дар тан ду сарбози НАТО-ро ҳадафи тир қарор дод.

Дар бораи ҳувияти сарбозон иттилоъ дода нашудааст, аммо хабаргузории Reuters бо такя ба полиси маҳаллӣ навиштааст, ки кушташудагон – низомиёни бритониёвиянд.

Ҳамлагар аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Аз оғози соли равон дар натиҷаи тақрибан 40 ҳамлаи афроди либоси низомипӯш беш аз 50 сарбози нерӯҳои байнулмилалӣ кушта шуданд.