Дар ИМА ва Канада теъдоди қурбониёни тӯфони “Сэнди” то 28 нафар афзоиш ёфт. Фақат дар Ню-Йорк аз ин офати табиӣ 15 нафар ҷон бохтанд. Дар шаҳр метро ва нақбҳо зери об мондаанд. Бар асари канда шудани хатти интиқоли барқ 23 сӯхтор рӯй дод, ки дар он беш аз 80 бино осеби ҷиддӣ дидааст.
Дар аёлати Ню-Ҷерсӣ ба хотири таъмини амният кори реакторҳо дар чанд нерӯгоҳи ҳастаӣ мутаваққиф карда шуд. Айни ҳол тақрибан 6 миллион нафар дар ҳафт аёлат аз нерӯи барқ маҳрум мондаанд.
Обхезӣ ба Вошингтон ҳам таҳдид мекунанд – бар асари боронҳои пайваста шояд рӯдхонаи Потомак аз соҳилҳояш берун шавад.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ҳама барномаҳои пешазинтихоботияшро лағв кард, то ки ҷараёни рафъи паёмадҳои тӯфонро шахсан назорат кунад.
Аз ин пеш бар асари тӯфони “Сэнди” дар ҷазираҳои баҳри Кариб тақрибан 60 нафар ба ҳалокат расида буданд.