Ҳизби манотиқ бар интихобот баранда мешавад

Дар Украина баршумурдани раъйҳо дар интихоботи парлумонӣ идома дорад.

Баъд аз баршумурдани 85 дар сади раъҳо, фарқ миёни Ҳизби манотиқ ва ҳизби мухолифи “Баткившина” каме коҳиш ёфт – ҳизби ҳоким 32 дар сад ва ҳизби нахуствазири пешин Юлия Тимошенко тақрибан 24 дар сади раъйҳоро соҳиб шудаанд. Ҳизби коммунист бо 14 дар сади овозҳо дар мақоми сеюм аст ва назар ба ҳизби “УДАР”-и муштзани маъруф Виталий Кличко андаке бештар раъй ба даст овардааст. Ҳизби миллатгарои “Озодӣ” низ, ки 9 дар сади раъйҳоро ба даст овардааст, шомили парлумони нав хоҳад шуд.

Ба тақсими ниҳоии мандатҳо дар Верховная рада натиҷаҳои баршумурдани овозҳо дар ҳавзаҳо низ таъсир хоҳад гузошт. Бар пояи иттилои пешакӣ, дар ҳавзаҳо бештари мандатҳоро аъзои Ҳизби манотиқ соҳиб шудаанд.