Никола Кавазович-сармурабии дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар ним соли оянда сарпарастии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Дар ин бора Рустами Эмомалӣ-раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ин мураббии серб дар шаҳри Душанбе қарордод имзо кард.
Дар як нишасти хабарӣ, ки баъд аз маросими имзо баргузор шуд, Кавазович гуфт, ки то поёни соли ҷорӣ ҳамзамон бо дастаи “Истиқлол” дастаи мунтахаби Тоҷикистонро низ машқ хоҳад дод. Танҳо дар поёни сол рӯшан хоҳад шуд, ки ин қарордод тамдид шавад ё хайр.
Дар бораи маблағи қарордод чизе гуфта нашуд. Кавазович 37 сол дорад.