Кавазович: “Ҳадафи мо - роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2015”

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо Никола Кавазович, сармураббии тозатаъйини тими мунтахаби кишвар. Душанбе, 29-уми октябри 2012

Имрӯз, 29-уми октябр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Никола Кавазович, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии кишвар, қарордод ба тасвиб расид.
Ба қарордод, ки дар ҳузури хабарнигорон ба мӯлати 6 моҳ баста шуд, аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ, ва Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, имзо гузоштанд.

Баъдан дар нишасти матбуотӣ Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Никола Кавазович, сармураббии тими миллии кишвар, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд. Азизбек Раҷабов гуфт, “Никола Кавазович ҳамзамон вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанберо ба ҷо меорад.”

Вале на Азизбек Раҷабов ва на Никола Кавазович ҳаққи заҳмати сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба хабарнигонон ошкор накарданд. Никола Кавазович хабарнигоронро бо нақшаҳои дастаи мунтахаби кишвар шинос намуда, гуфт, “ҳангоми интихоби бозигарон ба дастаи мунтахаб ман ба он таваҷҷӯҳ намекунам, ки футболбоз дар кадом даста бозӣ мекунад, барои ман он чиз асосӣ аст, ки ӯ чӣ гуна бозӣ мекунад, Касе ки хубтар бозӣ мекунад, ӯ ба ҳайати дастаи мунтахаб дохил мешавад. Ман рӯйхати номзадҳоро тартиб додаам, ки ба он 46 нафар аз 10 клуби футболи лигаи олии Тоҷикистон ва ду легионер – ҳимоятгар Фарҳод Восиев аз “Шинник”-и

Азизбек Раҷабов

Ярославл ва нимҳимоятгар Манучеҳр Ҷалилов аз “Нефтехимик”-и Русия дохиланд. Бояд бигӯям, ки дар дастаи мунтахаб барои бозигароне, ки интизомро вайрон мекунанд, ҷой нест. Ман ба дастаи мунтахаб Дарко Марич, мутахассиси сербиягиро даъват карданиям, ки ӯ ҳамчун агент ба ҷустуҷӯи легионерҳо машғул мешавад. Ӯ розигии худро дод. Инчунин ба вазифаи мураббии омодагии тарбияти баданӣ Никола Лазаревичи сербиягиро даъват намудаам. Ҳадафи аслии мо ба даст овардани Ҷоми даъвати АФК ва роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2015 мебошад. Барои амалӣ шудани ин мақсад мо ба дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон, мухлисони футбол ва хабарнигорон ниёз дорем.”

Ҷаноби Кавазович гуфт, аз хабарнигорони итолиёвӣ фаҳмидааст, ки дар айни ҳол ӯ ҷавонтарин сармураббии дастаи миллӣ оид ба футбол аст. Ба қавли ӯ, чунин иттифоқ дар ҷаҳон бори севум аст, ки рух медиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Никола Кавазович -- сармураббии нави тими мунтахаб



Вай дар идома гуфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон бо тими миллии Эрон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Вай илова кард, “Эрон яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё ба шумор меравад ва миёни беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон шомил аст. Бозии дӯстона бо мунтахаби Эрон барои мо яке аз давраҳои омодагӣ ба сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК маҳсуб мешавад.”

Никола Кавазович

Никола Кавазович, мутахассиси 37-солаи сербиягӣ, дар вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Камол Алиспоҳич, мутахассиси 47-солаи босниягиро, ки сармураббии бошгоҳи футболи “Реван”-и Озарбойҷон таъйин шудааст, иваз намуд. Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Никола Кавазович 6-уми сентябри соли равон дар шаҳри Мюнхени Олмон дар бозии дӯстона бар тими миллии Қатар бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд. Он вақт Никола Кавазович иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд ва дар нишасти имрӯза ғалабаи дастаашро бар мунтахаби Қатар хеле тавсиф кард ва ин бозиро таърихӣ номид. Вале ин бозии дӯстонаро ба ғайр аз аъзои дастаҳои мунтахаби ҳарду кишвар ва онҳое, ки дар варзишгоҳ буданд, дигар касе надидааст, зеро ки он тавассути телевизион ва расонаҳои дигари хабарӣ пахш нашудааст.

Ёдовар мешавем, Никола Кавазович аввали соли равон сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, таъйин шуд. Вай, ки литсензия ё муҷаввизи мураббигии дараҷаи «А»-ро дорад, дар ин вазифа Олимҷон Рафиковро иваз кард. Бояд гуфт, ки “Истиқлол” таҳти раҳбарии Кавазович имсол соҳиби Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми раиси АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) гардид ва ҳоло барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон мубориза мебарад.

Никола Кавазович 29-уми июли соли 1975 дар Белград таваллуд шудааст. Ба футбол аз синнии 11-солагӣ дар дастаи «Баск»-и Белград машғул шуда, дар 13-солагӣ ба бошгоҳи ОФК (Белград) гузаштааст. Замоне ки Никола 19-сола буд, ба Маҷористон сафар карда, дар бошгоҳҳои футболи «Уйпешт» ва «Чепел» бозӣ мекунад. Баъдан ӯ ба Белград бармегардад ва дар тими «Железничар» ҳунарнамоӣ мекунад. Вале Никола дар синни 22-солагӣ ба иллати ҷароҳати вазнин маҷбур мешавад, ки ҳамчун футболбоз майдонро тарк намояд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нақшаҳои Кавазович ба унвони сармураббии тими мунтахаб



Пас аз ин ӯ худро ба кори мураббигӣ мебахшад. Нахуст ба ҳайси мураббии футболи бачагона дар тими «Баск»-и Белград кор мекунад ва то ба вазифаи мудири мактаб мерасад. Солҳои 2005-2007-ум Кавазович бошгоҳи «Борча»-и Сербияро машқ медиҳад. Сипас дар бошгоҳи «Чукарички Станком», ки дар Суперлигаи Сербия бозӣ мекард, ёвари мутахассиси маъруфи сербиягӣ Драгослав Степанович таъйин мешавад.

Баъди гирифтани муҷаввизи дараҷаи «А» Кавазович сармураббии «Романия», бошгоҳи дивизиони аввали Босния, таъйин мегардад. Вале вай дар он ҷо муддати кӯтоҳ кор карда, пас аз ним сол ба ватанаш бармегардад ва дастаи «Биг Бул»-ро қабул менамояд. Охирин дастае, ки Кавазович машқ медод, бошгоҳи «Ресник» буд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!