Дар пушти “фабрикаи ҷавоб” кӣ истодааст?

Дар ин авохир ба идораи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон сели матлабҳои аз нигоҳи сабку услуб хеле монанд сарозер шудааст, ки аз сиёсати ҳукумат ситоиш ва аз мухолифонаш баръакс башиддат интиқод мекунанд.
Аҳли назар ин ҳамаро маҳсулоти ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб”-е медонанд, ки ба бовари онҳо, бо ҳадафи бадном кардани дигарандешон ташкил шудаанд. Манобеи огоҳ аз вуҷуди чунин ниҳодҳои “қаламбадаст” ва маошхӯр дар камаш ду вазорати интизомӣ ва идораҳои дигари вобаста ба ҳукумат сӯҳбат мекунанд.

Вақти он аст, эй қалам...

Як нуқтаи авҷи рехтани сели маҳсулоти “фабрикаи ҷавоб” рӯзҳои нооромиҳои Бадахшон шуд. Дар он рӯзҳо, бино ба эътирофи сардабирон, ҳар рӯз ба нашрияҳо даҳҳо матлаб мерасид, ки зоҳиран гоҳо, бахусус дар пайи қатли мармузи Имомназар Имомназаров аҳдофи низомие, чун коштани тухми бадгумонӣ аз якдигар дар байни фармондеҳони саркаши Хоруғро ҳам дунбол мекард.

Саймуддин Дӯстов, сардабири ҳафтаномаи “Нигоҳ” мегӯяд, ин сели “компромат” аз як марказ ҳамоҳангшуда менамояд: "70-80 дарсади онҳо, албатта, як муҳаррир дорад ва дар онҷо асосан бо услуби журналистикаи Шӯравӣ менависанд. Яъне, аз расидан ба шахсияти одам истиҳола намекунанд, аз маълумоте, ки аз досйеи сиёсатмадорон дар идораҳои ҷосусӣ ба даст омадааст, истифода мебаранд ва ҳам аз маълумоти баръало бардурӯғ. Фикр мекунам, ин ҳама аз як марказ идора мешавад."

Саймуддин Дӯстов

Мухотабҳои асосии ин ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб” чанд сол боз ҳамоно Ҳизби наҳзати исломиву раисаш Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров, хабарнигори муқими Маскав Додоҷони Атовуллоҳ ва ҳам бародарон Тӯраҷонзодаҳоянд. Барои мисол, ба дунболи сафари Тӯраҷонзодаҳо ба Русия борони танқидҳо ба саҳифаҳои матбуот рехт. Дар чунин як матлаб ҳатто иддао мешуд, ки истиқболи баланд аз ин бародарон бо таъмини мошинҳову меҳмонсароҳои пуршукӯҳ аз ҳисоби қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифтааст ва ин аст, ки ин рӯҳониҳои шинохта дар мавъизаҳои худ ҳарфе зидди мухаддирот нагуфтанд.

Барчаспи “девонагӣ” ба пешонии мухолифин

Вақте сиёсатмадор Иззат Амон аз азмаш барои сохтани ҳизби ҷавонон дарак дод ё баъд аз онки соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов бо таъсиси “Гурӯҳи 24” алайҳи ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 садо баланд кард, ҳарду ҳам ба сафи мухотабони “фабрикаи ҷавоб” пайвастанд ва дар матбуот билофосила матлабҳое пайдо шуд, ки якеро думрави Кабирӣ ба қалам медод ва дувумиро бо такя ба асноди тиббие, ки қонун ифшояшро манъ кардааст, ҳатто “девона” (шизофреник) мебаровард. Дар маҳофил ин ҳама ва ҳам матлаби нашршуда аз номи “гурӯҳи табибони равоншинос”-ро, ки ба Додоҷони Атовуллоҳ ҳам тамғаи “девонагӣ” мезад, низ аз маҳсулоти ҳамин “фабрикаи ҷавоб" мешуморанд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз раҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик, мегӯяд, дар ин ҳамлаҳои матбуотӣ фаровон истифода шудани маълумоти аксаран хому носанҷида аз парвандаҳои махсуси ниҳодҳои амниятӣ соҳиби аслии ин “фабрикаи ҷавоб”-ро намудор мекунад. Ба бовари ӯ, асосан алайҳи хонаводаи онҳо ва ҳизби наҳзат равона шудани кори ин “фабрика” аз бадгумонии бархе доираҳои ҳоким дар пешорӯи интихоботи соли 2013 маншаъ мегирад.

Тӯраҷонзода мегӯяд, “инҳо гумон мекунанд, ки наҳзату Тӯраҷонзода рақиби президентанд. Инҳо гумон мекунанд, ки дар Тоҷикистон нерӯи муассир ҳамин моем. Ҳарчанд мо мегӯем, ки президентшав нестем, чунин ният надорем, лекин ҳастанд гурӯҳҳое, ки моро бадном мекунанд ва президентро метарсонанд. Албатта, як доираи муайяни мардуми хушбовар шояд ба ин чизҳо бовар ҳам кунад, вале қисми зиёд баръакс нафраташ зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон на ҳама бовар мекунад ба матбуоти расмӣ."

“Фабрикаи ҷавоб” моли ҳукумат нест”

Бисёриҳо мутмаинанд, ки ин сели “компромат” аз сӯи мақомоти расмие танзим мешавад. Ангушти гумони як гурӯҳ мушаххасан рӯи шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раёсатҷумҳурист.

Аммо Саидалии Сиддиқ, мудири ин шӯъба, ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин бардошт ғалат аст: "Ин гап дурӯғ аст. Шӯъбаи мо ба корҳои дигар машғул аст. Мо ба ҷавоб додану ин хел чизҳо машғул нестем аслан. Вақте дар матбуот мехонем, баъзе аз ин муаллифонро ман ҳам намедонам, ки киянд. Ба ман қаблан ҳам боре гуфтанд, ки шӯъбаи Шумо гӯиё чунин марказ ташкил кардааст. Охир, марказро расман ташкил мекунанд, ба одамон бояд маош диҳанд. Мо бо созмонҳо ҳамкорӣ мекунем, ки дар кишвар гуногунфикрӣ бошаду озодӣ ва дастрасӣ ба иттилоъ. Лекин то ҳол дар дастгоҳ ё ҳукумат марказе нест, ки махсус машғули ҷавобнависӣ бошад. Барои ин на вақт дорем ва на аз касе дастур гирифтаем. Ба вазифаи мо ҳам дохил намешавад ин. Демократия аст, менависад мардум фикрашро."

Рӯи ниёз ба нашрияҳои мустақил

Ҳамлаҳои матбуотӣ ба мунтақидони давлат дар гузашта асосан аз тариқи расонаҳои расмӣ, назири “Ҷумҳурият” ё хабаргузории давлатии “Ховар” анҷом мешуд. Дар Интернет ҳам торнамои хосе бо номи “Globus-news” пайдо шудааст, ки бахши аъзами матлабҳояш боз ҳам интиқод аз ҳизби наҳзату Тӯраҷонзодаҳост.

Аммо дар моҳҳои охир талош мешавад, то чунин матлабҳои фармоишӣ бештар дар нашрияҳои мустақил ба чоп бирасанд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, нашрияҳои мустақилро маъмулан бо таҳдиди фиристодани нозирони андозу обу барқ ваё лағви сабти ном ба чопи маҳсулоти ин “фабрика”-и, ба таъбири оқои Тӯраҷонзода, “тӯҳмату иғво” водор мекунанд. Сардабирони нашрияҳои мустақил ҳам инкор намекунанд, ки мақомҳои алоҳидае нашри ҳатмии ин ё он матлаби хосро аз онҳо хеле боисрор “хоҳиш” мекунанд.

Хуршеди Атовуллоҳ

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтавори “Фараж” мегӯяд, ҷустуҷӯи минбар дар матбуоти мустақил барои чопи чунин маҳсулот низ як талоши ҳисобшуда аст, зеро ин майдон асосан дар дасти мунтақидони давлат монда буд. Ҷаноби Атовуллоҳ меафзояд, “фабрикаи ҷавоб” як навъ тавозунро дар ин майдон таъмин кард, зеро нашрияҳои мустақил дар баробари назари ҳамеша дастраси мухолифин ба мавқеъи ҳукумат ҳам дастрасӣ пайдо карданд: "Як сол пеш мавзӯъ ва мавзеъгириҳои тамоми расонаҳои мустақил якгуна буд ва чизе, ки дар саҳифаҳои онҳо эҳсос намешуд, назари ҷониби дигар, яъне назари ҳукумат буд. Касе аз ин ҷониб ҷуръат намекард, ки барои мисол, ба сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ посух диҳад. Аммо дар ин як сол марказҳои, ба қавли журналистон, “фабрикаи ҷавоб” пайдо шуд, ки вобаста ба ҳар мавзӯъ ё рӯйдод назари ҷониби ҳукуматро тавассути матбуоти мустақил ба мардум мерасонанд."

Ба ақидаи сардабири “Нигоҳ” Саймуддин Дӯстов, рӯи ниёз ба матбуоти мустақил овардани нависандагони “фабрикаи ҷавоб” аз афзоиши нуфуз ва ба як нерӯи фикрсоз дар ҷомиаи Тоҷикистон табдил ёфтани ин нашрияҳо об мехӯрад. Сардабири “Фараж” Хуршеди Атовуллоҳ ҳам мегӯяд, сардамдорони давлат фаҳмидаанд, ки вазни маводи чопшуда дар як расонаи мустақил аз ончӣ ки дар нашрияи расмӣ рӯи чоп меояд, хеле фарқ мекунад: "Сабаби пайдоиши “фабрика” беэътибории нашрияҳои таблиғотии ҳукуматист. Инки чунин маводро барои мо меоранд, ба ин маъност, ки нашрияҳои мустақил назар ба матбуоти давлатӣ хонандаи бештар доранд ва ин расонаҳоро онҳое мехонанд, ки назарашон ба ҳаводис дигар аст. Ин аз нотавонии нашрияҳои давлатӣ ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки бо вуҷуди обунаи маҷбурӣ касе онҳоро намехонад ва баста-баста дар утоқи кории мақомоти маҳаллӣ пӯсида хоб мераванд соли дароз.”

Хидмати хирсона

Матбуоти мустақил чунин матлабҳоро одатан бидуни ишорае ба манбааш нашр мекард. Нахустин расонае, ки ин табуро шикаст, “Нигоҳ” буд, ки матлаби расида дар бораи сафари Тӯраҷонзодаҳо ба Русияро ошкоро “Фабрикаи ҷавоб”, Тӯраҷонзодаҳо ва Путин” ном гузошт ва дар поварақаш шарҳ ҳам дод ки: "Фабрикаи ҷавоб" - дар доираҳои журналистӣ ва коршиносии мамлакат ниҳодеро меноманд, ки ҳамарӯза ба матлабҳои расонаҳо бо номҳои мустаори зиёд вокуниш нишон дода, аз мавзеъгириҳои ҳукумати феълӣ ҳимоят мекунанд. Дар рӯзҳои ҳассос, назири ҳаводиси Хоруғ ин ниҳод то 15-20 матлаб ҳам омода карда, тавассути суроғаи электронӣ ба ВАО ва рӯзноманигорони алоҳида мерасонд. Ин гуна матлабҳо аксаран дар расонаҳои ҳукуматӣ ба нашр мерасанд. Аз вижагиҳои дигари фаъолияти "Фабрикаи ҷавоб" бо истифода аз усулҳои журналистикаи Шӯравӣ интиқоди шадиди шахсиятҳои сиёсии мухолифи ҳукумат бо истифода аз маълумотҳои пӯшида мебошад."

Саймуддин Дӯстов, сардабири “Нигоҳ” мегӯяд, ба сурати умум, “фабрикаи ҷавоб” ба ҳукумат ва ҷомеа бештар “хидмати хирсона” мекунад: “Бубинед, чӣ дар муҳити динӣ ва чӣ дар муҳити иттилоотӣ ҳама фаъолиятҳое, ки ин “фабрикаи ҷавоб” дошт, шиддати иҷтимоиро баръакс зиёд кард, мутаассифона. Ҷудошавии ҷомеа ба гурӯҳҳои алоҳида хеле баръало шуд, ки фикр мекунам, ин яке аз “хидматҳои хирсона”-и ҳамин “фабрикаи ҷавоб” аст."

Баҳси Тӯраҷонзода бо Мавлавӣ Абдураҳим

Матлабҳои таҳоҷумӣ алайҳи дигарандешон маъмулан бо имзоҳои мустаор чоп мешаванд ва касе, ҳатто масъулони нашрияҳо намедонанд, ки “Эҳсони Шариф”, ё “Ҷамшед Восиев”, ки ба унвони таҳлилгару шореҳ матлаб мефиристанд, дар асл вуҷуд доранд ё на. Баъзеи ин номҳо баъди нашри ҳамагӣ як матлаб ғайб мезанад.

Мавлавӣ Абдураҳим (Акс аз "Фараж")

Аммо дар ин авохир дар “Фараж” паиҳам чанд матлабу мусоҳибаи Мавлавӣ Абдураҳим чоп шуд, ки як шахси воқеист ва ҳамон Абдураҳим Каримовест, ки дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба ҷои Мулло Ҳайдар Шарифзода имом-хатиби масоҷиди вилояти Кӯлоб шуду баъдан ба Афғонистон фирор кард, бо имзои сулҳ баргашт ва аз ҳисоби саҳмияи 30-фоиза ибтидо раиси гумруку баъд муовини раиси Оҷонси зидди маводи мухаддир ҳам шуд. Ӯ дар як матлабаш ба танқиди Додоҷони Атовуллоҳ пардохта, дигарашро “Ба Тӯраҷонзода эътимод накунед” ном додааст.

Вале Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мӯътақид аст, ки ин матлаб низ маҳсули “фабрикаи ҷавоб”-и ҳукумат аст ва аз Абдураҳим Каримов танҳо имзо гирифтаанд: “Ба баъзе аз ҳамин хел хидматгоронашон, яъне ба онҳое, ки бо ин идораҳо ҳамкорӣ мекунанд, матнҳоро дар дасташон медиҳанд, ки бару чоп кун. Вале Мулло Абдураҳим дар инҷо истисност. Ӯ ду ҷумла ҳам навишта наметавонад."

Тӯраҷонзода иддао дорад, ки агар Абдураҳим Каримов дар ҳузури ом(м) иншое дар як саҳифа бинависад, 15 000 сомонӣ ҷоизааш хоҳад дод. Аммо Абдураҳим Каримов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ончӣ ки навиштааст, бе ягон амре аз “боло” ва маҳсули қалами худи ӯст. Ӯ мегӯяд, дар бораи Тӯраҷонзодаҳо боз ҳатман чизҳои дигаре ҳам хоҳад навишт: “Аз худам буд. Касе инро аз ман нахоста буд, худам навиштам. Ин тарҷумаи ҳоли Тӯраҷонзодаҳост, ҳарфи таҳрирталабе надорад. Инро ҳар одами оддӣ мегӯяд ва ягон журналист мегираду менависадаш. Тӯраҷонзода худашро осмони чорум, ки мебинад, хайёл мекунад, ки дигар ҳама гӯлу гумроҳ асту тоқа хонадони онҳо як чизро мефаҳмад. Ӯро ман ҳанӯз аз ҳазор якашро нанависондаам. Бо як гап тамом намешавад, бисёр аст гап.”

“Ҷанг”-и Чин дар Интернет ва “мактубҳои меҳнаткашон”

Чунин шеваи “набарди иттилоотӣ” дар кишварҳои дигари худкома низ фаровон таҷруба мешавад. Дар Узбакистон то ҳол мошини идеологии бозмонда аз Шӯравӣ фаъолу маҳкум кардани ин ё он шахсияти зидди давлат тавассути “мактубҳои меҳнаткашон” ҳамоно маъмул аст. Дар Чин низ ниҳодҳои хоси иборат аз ҳазорон нафар ва ҳатто сарбозони қисмҳои низомиро ҷалб мекунанд, ки дар баҳсҳои интернетӣ бо дигарандешон аз ҷониби давлат “биҷанганд.”

То кунун танҳо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъсиси як гурӯҳи вижа барои мониторинги баҳсҳои интернетиро эътироф карда, мақомоти дигар иддаоҳо дар бораи вуҷуди “фабрикаи ҷавоб”-и ҳукуматро радд мекунанд. Аммо ба бовари, бо наздик шудани интихоботи президентии соли 2013 “фабрикаи ҷавоб” боз ҳам фаъолтар хоҳад шуд ва бояд чашмбароҳи сели бузургтари “компромат” алайҳи мухолифини давлати Тоҷикистон буд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!