Баршумурдани баргаҳои раъй идома дорад

Дар Украина баршумурдани баргаҳои раъй дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе идома дорад. Ба иттилои Комиссиюни марказии интихобот, каме бештар аз 5 дар сади ин баргаҳо баршумурда шудааст ва Ҳизби манотиқ бо 40 дар сади овозҳо пешсаф аст. Аммо гуфта мешавад, айни ҳол раъйҳои манотиқи шарқии Украина шумурда мешаванд, ки он ҷо ҳизби ҳоким мавқеъи устувор дорад.

Бар пояи назарсанҷиҳо дар назди қитъаҳои интихоботӣ, ба Верховная рада вакилони панҷ ҳизб роҳ хоҳанд ёфт - ҳизби ҳокими манотиқ тақрибан 30 дар сад, эътилофи мухолифини “Баткившина” тақрибан 24 дар сад, ҳизби “УДАР”-и муштзани маъруф Виталий Кличко 14-15 дар сад сад, ҳизби коммунист ва ҳизби миллатгарои “Озодӣ” 12 дар садии раъйҳоро соҳиб шудаанд.

Намояндагони мухолифин ин маъракаи интихоботиро “сароғоз”-и интихоботи раёсатҷумҳурӣ номиданд.

Қарор аст, баъд аз зӯҳри имрӯз ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки ба он 800 нафар шомиланд, дар як нишасти хабарӣ дар Киев назарашро дар бораи чӣ гуна гузаштани интихоботи парлумонии Украина баён кунад. Моҳи январ Украина раёсати даврии ин созмони бонуфузро бар ӯҳда мегирад.