Панҷ ҳизб шонси вуруд ба парлумони Украинаро доранд

Андрей Магера, раиси Комиссиюни марказии интихоботии Украина, интихоботи парлумонии рӯзи якшанберо баргузоршуда номид ва гуфт, ки натиҷаҳои пешакии он соатҳои наздик эълон мешавад.

Бар пояи назарсанҷиҳо дар назди қитъаҳои интихоботӣ, ба Верховная рада вакилони панҷ ҳизб роҳ хоҳанд ёфт - ҳизби ҳокими манотиқ тақрибан 30 дар сад, эътилофи мухолифини “Баткившина” тақрибан 24 дар сад, ҳизби “УДАР”-и муштзани маъруф Виталий Кличко 14-15 дар сад сад, ҳизби коммунист ва ҳизби миллатгарои “Озодӣ” 12 дар садии раъйҳоро соҳиб шудаанд.

Намояндагони мухолифин ин маъракаи интихоботиро “сароғоз”-и интихоботи раёсатҷумҳурӣ номиданд. Раиси ситоди интихоботи ҳизби “УДАР” Виталий Ковалчук изҳор намуд, ки онҳо дар парлумони нав талоши импичменти раисиҷумҳур Виктор Януковичро хоҳанд кард.