Ҷасади Шаҳриёри сесоларо баъд аз ҳаждаҳ рӯзи ҷустуҷӯ, дар таърихи 27-уми октябр аз дохили рӯдхонаи Хонақоҳ ёфтаанд.
Аҳрор Саидов, муовини раиси Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат ба РО гуфт: “Ҷасади ин тифл дирӯз аз дарёи Хонақоҳ тақрибан 200-метр поёнтар аз хонаашон ёфт шуд. Ҷасади ӯро як писараки ҳамдеҳаашон ҳини гирифитани об аз дарё мушоҳида кардааст, ки дар назди як санги калон дармондааст. Мо ҷасадро дирӯз аз об берун кашидем ва либосҳои кӯдак дар танааш буд”.
Саидов афзуд, ки дар бадани ин тифл ягон осеб ва ё осори зӯроварӣ дида намешуд. Шаҳриёр Ҳусейнов, фарзанди саввуми сокини деҳаи Тутакаи ноҳияи Ҳисор Зубайдулло Ҳусейнов аст, ки рӯзи 10-уми октябр ҳини бозӣ кардан дар паси хонаашон ғайб задааст. Волидони Шаҳриёри ғурамарг қаблан ба “Озодӣ” гуфта буданд, писараки ҳамсояашон ба онҳо хабар додааст, ки нафарони номаълуме Шаҳриёро ба як мошини сиёҳшиша савор карда гуфтаанд аз хешовандони онҳоянд ва ӯро шаҳр тамошо мебаранд.
Нопадид шудани ин тифл сокинони ноҳияи Ҳисорро ба ҳадде ба таҳлука андохт, ки то чанд рӯз фарзандонашонро худашон ба мактаб мебурданд ва ҳатто баъзе аз онҳо рӯзи Иди Қурбон бачаҳояшонро нагузоштаанд, ки ид кунанд. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар баъзе аз масҷидҳои ноҳия низ аз нопадид шудани ин кӯдак ибрози нигаронӣ карда ва ҳамчунин гуфтаанд, ки мақомоти интизомӣ дар самти муҳофизати мардум саҳлангорӣ нишон медиҳанд, ки ин гуна баёнияҳои рӯҳониён дар масҷидҳо бисёр кам дида мешавад.
Назири Нусрат, хабарнигори тоҷик ва яке аз ҳамдеҳагони Зубайдулло Ҳусейнов ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳриёрро рӯзи 27-уми октябр баъди анҷоми ташхиси тиббӣ дар шаҳри Душанбе соатҳои 5-и бегоҳ ба хок супурданд. Назири Нусрат мегӯяд, ки волидони Шаҳриёр аз ғаму андӯҳи зиёд маҷоли ҳарф задан надоранд: «Хостам аз волидони Шаҳриёр пурсам, ки ба оби дарё афтидани фарзандашон бовар доранд? Вале вақте рафтам онҳоро чунон андӯҳзада дарёфтам ва нахостам дигар аламҳояшонро дубора бедор кунам”.
Дар Тоҷикистон, ки кӯдакон аксаран дар назди хонаҳои худ ва дур аз чашми волидон бозӣ мекунанд, рабудани кӯдак ба сахтӣ мушоҳида мешавад. Нопадид шудани Шаҳриёр сару садои зиёдеро ҳам дар рустоҳои атроф ва ҳатто дар Душанбе ба бор овард, ки гӯё афроде кӯдаконро дуздида ва аъзои бадани онҳоро мегиранд ва ҷасадашонро дур меандозанд.
Матбуоти маҳаллӣ ҳам дар ин бора мақолаҳо нашр карданд, вале мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин сару садо воқеъият надоранд. Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор мегӯянд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 11 ҳодисаи гум шудани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки аксарият духтаронанд ва дар бештари маврид онҳо аз кӯчаҳои шаҳр пайдову ба оилаҳои худ баргардонида мешаванд.