Мардуми Украина имрӯз, якшанбе барои интихоби порлумони нав ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.
Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина баъди раъйдиҳӣ дар шаҳри Киев аз мардум хост, ба гуфтаи ӯ барои “субот” раъй бидиҳанд: «Барои ҳар як раъйдиҳандае, ки дар интихоботи имрӯза ширкат мекунад, бисёр муҳим аст, ки дониста раъй бидиҳад. Ман барои субот, рушди иқтисодии Украина ва зиндагии беҳтари мардуми мо раъй додам.”
Дар интихоботи Украина то нисфирӯзӣ тақрибан 23 дарсади мардуми бархӯрдор аз ҳаққи раъй ширкат кардаанд ва нахуствазир Микола Азаров гуфт, ки интихобот хуб ва бидуни қонуншиканӣ идома дорад. Вале хабаргузории ИТАР ТАСС аз қавли мақомотит интизомӣ навиштааст, ки то нисфирӯзӣ 328 шикоят дар бораи қонуншиканиҳо гирифтаанд, ки аксарияти онҳо дар бораи тарғиботи ғайриқонунӣ дар рӯзи интихобот аст.
Ба пешбинии таҳлилгарон, бо вуҷуди он, ки ноқаноатмандии мардум аз ҳукумат бинобар сиёсатҳои молиётситонӣ ва таъмини нафақа ва решакан нашудани ришвазхорӣ меафзояд, аммо Ҳизби Манотиқи Украина дар интихобот ҳамчунон раъйи бештарро ба даст хоҳад овард. Пирӯзии Ҳизби Манотиқи Украина, қудрати Виктор Януковичро бештар хоҳад кард, ки соли 2015 ин даври раёсати ҷумҳуриаш ба поён мерасад ва интихоботи нав ӯро интизор аст.
Михайло Симоненко, як раъйдиҳандаи украинӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки аз интихоботи интизориҳои мусбате дорад: “Ҳама аз ҷумла ман ҳам умедвори беҳбудӣ ҳастем. Ман тамоми умр кор кардм ва табиист, ки бояд тавақӯъи зиндагии беҳтарро дошта бошам. Умедворам, ки вакилони софдил ва мӯҳтараме барои миллати мо интихоб хоҳанд шуд.”
Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украина, ки ҳукми 7 солаи зиндонро адо мекунад, аз мардум хостааст, ки дар интихобот ширкат кунанд, агарчӣ ба гуфтаи ӯ интихоботи одилона нест ва фарқе ҳам надорад, кӣ дар ин корзори сиёсии муҳим пирӯз мешавад. Ҳизби Баткившчина ва ё Ватани Юлия Тимошенко дар канори ҳизби “Удар”-и Виталий Кличко, паҳлавони маъруфи украинӣ низ барои соҳиб шудан ба курсиҳои порлумон талош доранд. Виталий Кличко, ваъда додааст, ки ришвахории густурда дар Украинаи 46 миллионнафариро решакан хоҳад кард.
Гурӯҳи 700 нафарии нозирони байналмилалӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷараёни интихоботи Украинаиро назорат мекунанд. Қарор аст, моҳи январи раёсати давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба Украина бигзарад, ки ин масъала аҳамияти интихоботи Украинаро дар арсаи байналмилалӣ бештар кардааст. Нейл Симон, сухангӯи созмони мазкур гуфт гуфт: "Бешак бо омадани Украина ба раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар соли 2013 таваҷҷӯҳ ба ин кишвар бисёр зиёд аст, ки бубинанд, ин кишвар ба аҳдҳои байналмилалиаш дар бораи расидан ба демократия вафодор аст."
Дар остонаи интихоботи Украина, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ва Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар як мақолаи муштарак дар рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” навиштанд, ки аз зиндонӣ шудани Юлия Тимошенко ва ҳам аз гузоришҳо дар бораи истифода аз манобеъи давлат барои тарғиби Ҳизби Манотиқи Украина нигаронанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад