Иддаои як мақоми Русия дар бораи Тоҷикистон

Олга Ермакова, ки дар марги ӯ Далер Ватанов, шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешавад.

Анна Марусова гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар истирдоди муттаҳамон ба ҷиноят ба Русия чандон майл надоранд.
Анна Марусова, сухангӯи Кумитаи тафтишотии Русия, дар суҳбате бо хабаргузории Итар-ТАСС гуфтааст, мақомоти интизомии кишвараш дархости расмӣ барои истирдоди Далер Ватанов, як шаҳрванди Тоҷикистонро омода кардаанд, ки ба қатли як зани рус дар қаламрави Русия муттаҳам мешавад.

Сухангӯи Кумитаи тафтишотии Русия афзудааст, ҷустӯҷуи байналмилалии ин шаҳрванди Тоҷикистон эълом шуда ва ба зудӣ дархости истирдоди ӯ ба Душанбе фиристода хоҳад шуд.

Итар-ТАСС аз қавли Анна Марусова менависад, "мақомоти Тоҷикистон майли зиёде барои истирдоди муттаҳамон ба ҷиноят дар Русия нишон намедиҳанд". Ба гуфтаи ӯ, муфаттишон дар қатли Олга Ермакова, як зани рус, ки моҳи сентябр писари 5-солаашро дар назди роҳе дар наздикии шаҳри Екатеринбург танҳо пайдо кардаанд, ҳамин шаҳрванди Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд.

Даниил Ермаковро, рӯзи 21 -уми сентябр дар сари роҳ ёфтанд ва ӯ гуфтааст, падарандари тоҷикаш вайро дар ҳамон ҷо монда ва дигар барнагаштааст. Ҷасади модари ӯ, Олга Ермаковаро дар манзилаш бо захмҳои сангине пайдо кардаанд ва муфаттишон мегӯянд, мумкин аст, Олга Ермаковаро, ҳамсари тоҷикаш кушта бошад.