Муфаттиши махсуси Додситонии кул аз падари Ҳамза Икромзода ва ҳамсоягонашон дар бораи осори шиканҷа дар бадани ӯ пурсидааст.
Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 25-уми октябр Икромиддин Қараев -- муфатиши махсуси Додситонии кул ба манзили онҳо дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор омада, дар бораи осори шиканҷа дар бадани писари фавтидааш пурсидааст.
Ба қавли Файзалӣ Икромов, муфаттиш гуфтааст, вай таҳқиқи ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанберо бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад ва ҳоло бар асоси қисми аввали моддаи 322-и кодекси ҷиноӣ, яъне "хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифа" чанд корманди маҳбас муттаҳам мешаванд.
Падари Ҳамза аз масъалаи "хунукназарӣ" дар ҳодисаи марги писараш норизоӣ карда, ба муфаттиш даҳҳо аксро нишон додааст, ки доғи сӯхтагӣ ва осори латту кӯб дар бадани Ҳамза Икромзодаро рӯшан мекардаанд. Ба гуфтаи падари Ҳамза, "дар инҷо хунукназарӣ нашуда, баръакс, кормандони маҳбас ӯро барои пул латту кӯб кардаанд, дар баданаш дарзмол монда, дар сараш ба лагад задаанд, ки дар натиҷа вай ҷон додааст."
Тавре Файзалӣ Икромов мегӯяд, муфаттиш Икромиддин Қараев бо сокинони ин деҳа Муродалӣ Раҷабов, Мирзохон Зуҳуров ва Саъдулло Раҷабов, ки ҷасади Ҳамзаро шустаанд, ҳамсӯҳбат шуда, аз онҳо низ аломату нишонаҳои зӯроварӣ дар ҷасади Ҳамзаро пурсон шудааст. Дар санадҳое, ки оид ба осори зарбу лат дар ҷасади Ҳамза Икромзода то кунун ҷамъоварӣ шудааст, расман 14 ҷароҳатро нишон медиҳанд. Икромиддин Қараев ваъда додааст, ки тайи як ҳафтаи оянда, шурӯъ аз рӯзи душанбе, тафтиши ин ҳодисаро дар дохили маҳбаси рақами аввал пеш хоҳад бурд ва бо кормандоне, ки бо Ҳамза Икромзода бадрафторӣ кардаанд, ҳамсӯҳбат хоҳад шуд.
Аксҳо: Ҷасади Ҳамза Икромзода пас аз як рӯзи фавташ
Ин дар ҳолест, ки Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова рӯзи 23-юми октябр ба Додситонии кулли кишвар даъват шуда, Комиссияи ташхиси ҷасади Ҳамза Икромзода, ӯро ба хулосаи ниҳоии ташхис шинос кардааст. Дар ин хулоса гуфта мешавад, ки аз рӯи нишонаҳо дар ҷасади Ҳамза Икромзода, вай худро "ба дор кашидааст" ва ин чиз сабаби марги ӯ шудааст.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябр дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ меҳисобанд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!