Масъули Кумитаи дин: "Озодиҳои мазҳабӣ таъмин аст"

Мавлон Мухторов (чап) бо Сайидмукаррами Абдулқодирзода (рост) дар масҷиди марказии Душанбе. 26-уми октябри 2012

Пеш аз намози Иди Қурбон дар Душанбе мақомот ба вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон низ таъкид карданд.
Субҳи 26-уми октябр ҳазорон сокини мусалмони Тоҷикистон дар пойтахт ва манотиқи дигари кишвар намози Иди Қурбонро хонданд. Бар хилофи намози идҳои гузашта ин навбат шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар масҷиди марказии пойтахт иштирок ва суханронӣ накард.

Аммо Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки дар масҷиди марказии Душанбе ҳузур дошт, мардумро ба Иди Қурбон табрик намуда, гуфт, ҳоло озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар таъмин аст. Ӯ барои тақвияти фикри худ, гуфт, дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷид сабтином шудаву фаъолият доранд.

Инчунин, ба таъкиди ӯ, дар Душанбе як Донишгоҳи исломӣ фаъол буда, як гимназияи исломӣ низ амал мекунад, ки ҳудуди ҳазор нафарро ба таълим фаро гирифтааст. Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон бо баёни ин ҳарфҳо аз мардум хост, ба ҳар гуна равия ва созмонҳои исломӣ, ки ба қавли ӯ "бо нияти касиф ба Тоҷикистон меоянд", напайванданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иди Қурбон омада...



Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ки имоматии намози Иди Қурбонро дар масҷиди марказӣ бар ӯҳда дошт, низ гуфт, базудӣ Тоҷикистон соҳиби масҷиди бузурге мешавад, ки "севумин масҷиди калонтарин дар ҷаҳон" хоҳад буд. Вай таъкид кард, ки сохтмони ин масҷид идома дорад ва он бо сармояи тақрибан сад миллиондолларӣ сохта хоҳад шуд.

Маросими таҷлил аз Иди Азҳо ё Қурбон дар масҷиди марказии пойтахт бо гузоштани ду ракат намоз анҷом ёфт. Аммо кӯдакон, ки қабл аз намоз "идгардак"-и худро оғоз карда буданд, бо андаке гарм шудани ҳавои сарди имрӯз ба дари манзили мардум мерафтанд, идона мехостанд ва идонаҳои худро мешумурданд.

Мардуми бузургсол пас аз адои намози Иди Қурбон барои дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон сари оромгоҳи наздикону пайвандон мешитофтанд ва бо қироати ояте аз Қуръони шариф арвоҳи гузаштагони худро шод мекарданд.

Аммо мардуме, ки имкони молӣ дошт, яке аз дигар суннатҳои Иди Азҳо - қурбонӣ ва забҳи чаҳорпойро анҷом медоданд. Бархе ҳам гӯшти қурбонии худро ба мардуми ниёзманд хайр ва қисми дигарашро пӯхтаву болои дастархон мегузоштанд.

Чун се рӯзи баъдӣ дар Тоҷикистон таътил аст, мардум ба рӯ ба манзили ҳаққу ҳамсоя ва наздикону пайвандон меоварданд то қироати дуои хайр иди Қурбонро ба ҳам табрик кунанд.

Таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!