Артиши Сурия оташбасро риоя хоҳад кард

Фармондеҳони артиши Сурия эълом доштанд, ки дар давраи Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон, аз субҳи ҷумъа то рӯзи душанбе, амалиёти низомӣ алайҳи ошӯбгаронро қатъ мекунанд. Ҳамзамон онҳо гуфтанд, ки артиш ба ҳама гуна ҳамлаҳои мухолифини мусаллаҳ посух хоҳад дод.

Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб^ имрӯз эълом дошт, ки Димишқ барои риояи мусолиҳа дар рӯзҳои Иди Қурбон розӣ шудааст. Аз ин пеш ошӯбгарон ҳам гуфта буданд, ки дар сурати аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ риоя шудани мусолиҳа онҳо низ аз муқовимат даст мебардоранд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар Ҳалаб миёни артиш ва мухолифини мусаллаҳ задухӯрдҳои шадид сурат гирифтанд. Ба иттилои фаъолони мухолифин, задухӯрдҳо дар атрофи фурудгоҳи низомӣ идома доранд. Аз ин пеш ошӯбгарон гуфта буданд, ки ду минтақаи Ҳалабро таҳти назорат қарор додаанд.