Имрӯз порламони Гурҷистон барои нахуствазир рай медиҳад

Бидзина Иванишвилӣ

Интизор меравад, ки имрӯз дар порламони нави Гурҷистон барои номзадии Бидзина Иванишвилӣ ба мақоми нахуствазири ин кишвар райдиҳӣ сурат бигирад.

Ҳайати нави кобинаи Гурҷистон низ мумкин аст ба тасвиб расад. Эътлофи “Руъёи гурҷӣ” ба раҳбарии Бидзина Иванишвилӣ дар интихоботи ахири порламонӣ аз 150 курсӣ 85 курсии порламонро аз они худ кард.

Иванишвилӣ-миллиардери гурҷӣ дар иҷлоси ахири порламон дар Кутаисӣ изҳор дошт, ки вай дар 18 моҳи оянда аз сиёсат канор меравад ва ба узви маъмулии ҷомеаи маданӣ табдил меёбад.

Вай қавл дод, ки сиёсати хориҷии Михаил Саакашвилиро, ки аз Ғарб ҷониюдорӣ мекунад, идома хоҳад дод.