Муроҷиати кӯҳнаварди ҷавони тоҷик ба ҳамсолонаш

Фарҳод Мӯъминов

Фарҳод Мӯъминов, кӯҳнаварди ҷавони тоҷик, ки байрақи Тоҷикистонро дар баландтарин қуллаҳои ҷаҳон бардоштааст, дар номае ба "Озодӣ" камбудҳои мақомотро баён намудааст.

Инак, номаи Фарҳод Мӯъминов:


"Пеш аз ҳама мехоҳам бигӯям, ба ҳар ҳарфу калимае, ки дар ин ҷо менависам, ҷавоб мегӯям. Мо имрӯз зимни баёни камбудҳои давлат, шояд хато кунем, аммо баъзе нуқсоне вуҷуд доранд, ки аз қайд карданашон намеҳаросем. Онҳо барои пешравӣ равона шудаанд.

Дар асл гирем, камбудҳо зиёданд, аммо мо ҷавонон асосан бо ду камбудӣ зиёд рӯбарӯ мешавем.

Якум, ҷавонон дар ҳолате, ки бояд савод ҷуста, ғарқи илм шаванд, маҷбур хастанд, аз паси ба даст овардани маблағ шаванд.

Дуюм, шахсони масъул бо ҷавонон ваъда намедиҳанд, ки баъд аз хатми донишгоҳ бо кор таъмин мешаванд ва ин ҳам ба ҷавонон як таъсири манфӣ расонда, онҳоро маҷбур месозад, ки тарки илму варзиш кардаву баъзан ба корҳои ғайриқонунӣ даст зананд. Бояд ҷавонон ва умуман мардум то як дараҷае бо музди мувофиқи замон таъмин бошанд.

Аммо ба ҳар ҳол, ҷавонони азиз, рӯҳафтода нашуда дар роҳи илму варзиш бошед, ватани худро обод созед, фаромӯш накунед, ки як файласуфи бузург гуфтааст, "нагӯй, ки давлат ба ту чӣ кардааст, гӯй, ки ту ба давлат чӣ кардаӣ?"

Ба ҳамин хотир, агар интизор бошем, шояд ки умр дар интизорӣ гузарад. Биёед, аз баъзе шахсон ибрат гирифта, ба қадри имкон дар фикри ҷавонони оянда бошем, то онҳо ин гуна мушкилро набинанд.

Баҳри равшан сохтани ин суханҳо ман ҳодисаеро қайд мекунам. Ман аввалин тоҷике ҳастам, ки дар таърихи миллат байрақи Ватанро дар қуллаи балантарини Аврупо -- Элбрус бардоштам, ки баландиаш 5 ҳазору 642 метр мебошад. Ҳамчунин дар дигар куҳҳои Қафқоз бо номи Казбек (5034м), Фишт (2867м) ва ғайра. Ман, ки худ кӯҳнавардам, инро дарк карда метавонам, ки то кадом андоза мушкил аст. Бо вуҷуди ин ман чизеро, ҳатто як ифтихорномаро аз тарафи давлат надидаам."

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!