Бар тибқи як пажӯҳиш, аксари кишварҳои ҷаҳон дар коҳиши тафовут дар таҳсилу хадамоти беҳдоштӣ миёни марду зан ба пешрафт даст ёфтаанд. Аммо айни замон, бонувон назар ба мардон бояд бештар саъй мекардаанд, то ба мақоми баланд ва музди беҳтар соҳиб шаванд. Дар гузориши солонаи Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар бораи тафовути имконоти зану мард дар ҷаҳон омадааст, ки кишварҳои скандинавӣ бештар аз ҳар ҷойи дигар дар таъмини баробари имконот барои занон ва мардон ба пешрафт ноил шудаанд. Тоҷикистон дар ин замина дар мақоми 96 қарор дорад ва Покистону Эрон дар зинаҳои охир. Ба навиштаи муаллифони гузориш, 60 дар сади кишварҳои ҷаҳон дар коҳиши нобаробарии имконоти занон аз мардҳо пешрафт кардаанд.