Тибқи барномаи ахири ислоҳоти додгоҳии кишвар, судя ё додрасҳо бояд бемӯҳлат ё якумрӣ таъйин шаванд.
Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи бемуҳлат таъйин шудани судяҳо аз ҷониби раисиҷумҳури кишвар пешниҳод шуда, дар барномаи ахири ислоҳоти додгоҳии кишвар таъкид гардидаст. Ба гуфтаи Азизов, дар ҳоли ҳозир барои ба вазифаи додрасӣ таъйин шудан синни ниҳоӣ 65 сол муайян шуда, муҳлати ваколати онҳо 10 солро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон шикоят аз фаъолияти додгоҳҳо, ки гӯё мустақил нестанду мувофиқи майли мақомоти иҷроия ва бо гирифтани ришва қарор қабул мекунанд, зиёд садо медиҳад.
Аммо Зафар Азизов, изҳоротро дар мавриди зери фишору таъсир қабул гардидани қарори додрасҳоро дар бисёри ҳолатҳо беасос хонд: «Қарори судяҳо дар хонаи машваратӣ қабул мешавад ва ягон кас ҳаққи дахолат ба ҷараёни корашонро надорад. Тайи 20 соли охир ягон таҷрибаи дахолат ба қарори судяҳо ба қайд гирифта нашудаст. Судҳои болоӣ қарори судҳои поёниро меомӯзанд ва баҳо мегузоранд. Дар сурати беасос будани қарори судяҳои поёнӣ, он бекор мешавад. Судяҳо мустақил ва дахолатнопазир буда, танҳо ба сарқонун ва қонунҳои дигар такя мекунанд.»
Дар мавриди фасод дар бахши додгоҳии Тоҷикистон, раиси Шӯрои адлия эътироф кард, ки ташвишовар аст, аммо рабт доданашро ба маоши паст нодуруст донист: «Маоши паст барои даст задан ба фасод бояд асос набошад. Шахсе, ки дар доираи иҷрои вазифаҳояш даст ба ин ҷиноят мезанад, аз нигоҳи ҳуқуқию маънавӣ ҳаққи истодан дар вазифаро надорад. Соли 2011 ду судя барои фасодкорӣ маҳкум шудаанд. Имсол ҳанӯз чунин ҳолат сабт нашудаст. Мо пайваста ин масъаларо назорат мекунем. Дар мақомоти судии кишвар комиссияи махсусе созмон ёфтаст, ки ҳолатҳои вобаста ба фасодро меомӯзад ва баҳогузорӣ мекунад.»
Азизов ҳаҷми миёнаи маоши судяҳоро дар Тоҷикистон 1500 сомонӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки вобаста ба таҷрибаю касбияти судяҳо, он аз 900 то 1700 сомонӣ муайян мешавад. Раиси Шӯрои адлия таъкид мекунад, ки солҳои ахир бо мӯътадил шудани вазъи сиёсию муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, ҳалли қонунии қазияҳо тавассути додгоҳҳо зиёд гардидааст: "Агар соли 2006 ҳамагӣ 30 ҳазор парвандаҳои судӣ баррасӣ шудаанд, соли 2011 ин нишондод ба 118 ҳазор адад расид"
Баррасии бештар аз сад ҳазор парванда дар ҳолест ки шумораи судяҳо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 356 нафарро ташкил медиҳад. Аммо Азизов мегӯяд, бо афзоиши шумораи парвандаҳо, сифати баррасии онҳо коҳиш наёфтааст:
"Агар соли 2006 аз 30 ҳазор парвандаҳои судӣ 3.5 фоизи қарорҳо бекор шуда бошанд, соли 2010 ин нишондод то 0.6 фоиз расидаст."
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад