Русия мегӯяд, шӯришиёни Сурия "Стингер" доранд

Николай Макаров, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия, мегӯяд, шӯришиён дар Сурия барои маҳви ҳавопамоймоҳо аз мушакҳои сабуке, истифода мекунанд, ки дар кишварҳои гуногун аз ҷумла Амрико тавлид шудаанд. Николай Макаров, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, шӯришиён ҳоло бо мушаки замин ба ҳавои “Стингер” мусаллаҳ шудаанд, ки як сарбоз ҳам метавонад, онро партоб кунад. Генерали рус манбаъи ин иттилоъро нагуфт, вале афзуд, ки бо радди иддаъои ӯ мегӯянд, ки ҳеҷ чизе ба шӯришиёни Сурия надодаанд. Тайи чанд моҳи гузашта, шӯришиён дар ин кишвар чанд ҳавопаймо ва чархболҳои артиши Сурияро сарнагун карданд. Вазорати умури хориҷии Русия аз ин пештар гуфта буд, ки мусаллаҳ кардани шӯришиёни Сурия бо мушакҳои сабуки зиддиҳавоӣ “қадами фавқуллода хатарнок” аст.