Дар Тоҷикистон "корти миллӣ" роҳандозӣ мешавад

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон.

Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад кортҳои пластики навъи "корти миллӣ"-ро барои аҳолӣ дастрас намояд. Бонки миллии Тоҷикистон ба таври расмӣ ба бонкҳои хусусӣ муроҷиат кардааст, ки аз барои муштариёни худ аз «корти миллӣ» истифода кунанд ва ин навъи корти плостикӣ дар дохили кишвар маъмулӣ шавад. Дар авоили соли равон барои нахустин бор ба мақсади кам кардани мизони муомилоти пули нақдӣ ва ба хотири рушди фановариҳои пардохти маблағ бо шароити муосир дар Тоҷикисон, Маркази протсессингии Бонки миллӣ низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” -ро ба муомила баровард. Вале ба иттиллои Дафтари матбуотии Бонки миллӣ, ҳанӯз аз тарафи бонкҳои хусусӣ посухе дарёфт нашудааст. Як намояндаи «Тоҷиксодиротбонк» мегӯяд, ки бо «корти миллӣ»-и Бонки миллӣ намешавад дар хориҷи кишвар аз банкомати бонкҳо пул дарёфт кард. Аз ин рӯ бонкҳо онро ба суди кори худ ва муштариён намебинанд. Вале Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, ин мушкил дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд, аммо бартарии «корти миллӣ» дар дохили кишвар ин аст, ки он дар қаламрави Тоҷикисто истеҳсол мешавад ва маблағи он дар дохил мечархад. Ба сурати умум, Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, ки шумори дорандагони корти пластикӣ дар Тоҷикистон афзуда ҳудуди ним миллион нафарро ташкил медиҳад.