Бо худ доштани корд - ҷинояте, ки "муд" шудааст

Дар Тоҷикистон тайи нӯҳ моҳи соли равон 667 волидайн барои ҷинояти фарзандонашон, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Масъулини вазорати корҳои дохила мегӯянд имсол ҷинояткории ҷавонону ноболиғон 20 дарсад афзоиш ёфтаст.

Масъулини Хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯянд кӯдакони ҷинояткор ғолибан аз хонаводаҳои носолим ва муҳоҷиронанд, ки дар тарбияи хешовандони худ қарор доранд. Ба гуфтаи масъулини Хадамот, гаштан бо корд миёни насли наврас солҳои ахир як навъ муд шудааст.

Дар робита ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ бо Зебо Холдорбекова, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон сӯҳбат доштем.

Озодӣ: Беш аз 600 волидайн барои кадом ҷурм ё ҳуқуқвайронкуниҳои фарзандони худ ҷарима шудаанд?

Зебо Холдорбекова: «Қаблан бояд бигӯям, ки мо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар байни ноболиғон нақшаи чорабиниҳо дорем ва рейдҳо мегузаронем. Ин рейдҳо бо номи «Талбанда» «Оворагард» дар боғҳо, бозорҳо ва кӯча гузаронида мешаванд. Дар давоми ин рейдҳо бачаҳое, ки ҳангоми дарс дар ин маконҳо бегарданд боздошт мешаванд ва ҳамчунин онҳое, ки дар вақти шаб танҳо дар кӯчаҳоянд дастгир мегарданд. Ин бачаҳо аксаран дар мактаб намехонанд. Бисёрашон аз оилаҳои носолиманд ё падару модарашон дар муҳоҷиратанд ва онҳо дар тарбияи хешовандонанд.»

Озодӣ: Агар бо падару модар нестанд ва ё волидонашон дар кишвар набошад, ки ҷарима мешавад?

Зебо Холдорбекова: «Ҳамон нафароне, ки инҳоро парасторӣ мекунанд бояд ҷарима шаванд. Мо чунин парасторонро ду бор огоҳ мекунем ва натиҷае, ки надод, баъд ба додгоҳ муроҷиат ва онҳоро ҷарима мекунем.»

Озодӣ: Маблағи ҷарима чӣ қадар аст?

Зебо Холдорбекова: «Мувофиқи моддаи 90-и кодекси маъмурӣ ҷарима бо маоши ҳадди аққал ҳисоб карда мешавад ва шояд 40 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин маблағро ҳам баъзе оилаҳо дода наметавонанд. Ин ҳам як мушкил аст»

Озодӣ: То куҷо ин ҷарима метавонад дар пешгирӣ аз қонуншиканӣ ё ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидат кунад?

Зебо Холдорбекова: «Медонед, мо онҳоро ҷаримабандӣ мекунем ва бо ин аз мадди назар дур намемонанд. Мо ҳаматарафа меомӯзем. Инҳо аллакай ба категорияи бачаҳое дохил мешаванд, ки дар қайди мо мемонанд. Масалан, ба ҷойи кори волидон дархостҳо равон карда мешаванд. Бо ҳамсояҳо мо сӯҳбат мекунем, албатта ин ҳама таъсири худро мерасонад. Мо ҳоло дар мактабҳо вохӯриву мулоқот мегузаронем. Имрӯз дар мактабҳои ноҳияи Шоҳмансур вохӯриҳо шурӯъ шуданд. Мо кӯшиш мекунем ба бачаҳо фаҳмонем, ки чӣ мумкин аст ва чӣ не. Масалан, ҳамин гирифта гаштани корд, ки имрӯз муд шудааст, мо ба онҳо мефаҳмоонем, ки доштани корд бо худ аллакай як ҷиноят аст. Мисол меорем, ки ҳамин сол 37 ноболиғ ба ҳабс гирифта шуд.»

Озодӣ: Ин 37 нафаре, ки гуфтед барои кадом ҷиноят ба маҳкама кашида шудаанд?

Зебо Холдорбекова: «Аслан инҳо ноболиғоне ҳастанд, ки якчанд маротиба ҷиноят содир кардаанд. Дуздиҳои бисёркарата, авбошӣ, ҷиноятҳои кордзанӣ ва бисёртар ноболиғоне, ки дар гурӯҳ бо калонсолон ҷиноят содир кардаанд. Калонсолон бештар бо ин андеша, ки онҳо ноболиғанду муҷозот намешаванд, онҳоро ба ҷиноят ҷалб мекунанд. Аммо аслан 80 дарсади ҷинояти ноболиғон ин дуздӣ аст. Телефон, велосипед медузданд».

Озодӣ: Аслан аз сӯҳбатҳое, ки шумо бо ноболиғон доштед, кордро онҳо бо кадом ҳадаф бо худ мегиранд?

Зебо Холдорбекова: «Онҳо шояд барои муҳофизати худ ё ҳамту гирифта мегарданд ва дар сурати рух додани муноқишаҳои хурд талош мекунанд аз он истифода баранд. Ноболиғон як рӯҳияи нозук, як ҳиссиёти авбошӣ доранд».

Озодӣ: Барои ин, ки ба корд дастрасӣ надошта бошанд ноболиғон бояд чӣ кор кард?

Зебо Холдорбекова: «Дар ҳама ҷо фурӯши корд ва нӯшокиҳои спиртӣ барои ноболиғон манъ аст, аммо ҳоло, ки мағозаҳои мо ҳама шахсӣ ва дар ҳар гӯшаву канори шаҳр бунёд шудаанду назорат нест, ба кӯдакон ҳама чиз фурӯхта мешавад.»

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!