Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 658 нафар сокини ноҳияи Турсунзода мавриди ҳамлаи сагони дайду қарор гирифтаанд, ки дар натиҷа се нафарашон фавтидаанд.
Сокинони шаҳри Турсунзода мегӯянд, субҳи барвақт ҳангоми кор рафтан ва бегоҳирӯзиву шабона гаштугузор дар маҳаллаҳои шаҳр хатарнок шудааст.
Собир, як нафар ҷавон мегӯяд, гурӯҳ-гурӯҳ гаштани сагҳои дайду ваҳмангез мебошад:"Баъзан ҳаяҷон зер мекунад, ки мабодо ягоне аз онҳо одамро мегазад. Мо шомгоҳон зиёд мегардем, ба тӯю маъракаҳо меравем. Аз сабаби зиёд шудани сагҳо то дари хона ба воситаи худравҳои «тико» меравем.»
Афзоиш ёфтани сагҳои дайду волидайнро низ водор кардааст, то фарзандонашонро танҳо ба кӯча баромадан намонанд. Шоира, як модари ҷавон мегӯяд, борҳо мавриди ҳамлаи сагони дайду қарор гирифтаст ва аз ин рӯ, ҳоло аз фарзандонаш дар ташвиш аст: "То ҳатто дар ошёнаҳои 2-3-юм сагҳо ҷой гирифтаанд, ки баровардани ин сагҳо хеле мушкил аст. На танҳо сагҳои дайду, балки сагҳои ҳорӣ, мариз, аз чашмонашон зардоб меравад, ки ин ба муҳити зист таъсири калон мерасонад ва боиси сар задани касалиҳои сироятӣ мегардад."
Ба гуфтаи сокинон ба таври нигаронкунанда афзоиш ёфтани шумораи сагҳои дайду дар як соли охир бештар ба чашм мерасад. Ва сокинон сабаби инро дар беаҳамиятии масъулон медонанд. Аммо Нурулло Сафаров, муовини раиси шаҳри Турсунзода дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мушкилии мазкур боиси ташвиши масъулини мақомоти иҷроия низ гардидааст: "Барои бартараф намудани он дар назди мақомоти мазкур гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст. Худи ман роҳбари гурӯҳ мебошам. Аз тамоми шӯъбаҳои дахлдор якнафарӣ намоянда шомили ин гурӯҳанд. Мо нисбат ба ҳамин масъала чора мебинем. Шабҳо низ навбат истода, масъаларо таҳти назорат гирифтаем».
Дар мавриди сабабҳои афзоиши сагҳои дайду Нурулло Сафаров изҳори беиттилоӣ кард. Аммо сардухтури маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Аҳмад Нусратов гуфт, ки асосан ин сагҳо аз деҳот вориди шаҳр мешаванд ва соҳибонашон ба суроғи онҳо намегарданд. Ҷаноби Нусратов ҳамчунин гуфт, ки ҳоло бо тайёр намудани доруҳои махсуси кимиёвӣ онҳо шадидан зидди ин сагҳо мубориза мебаранд. «Як мавод тайёр кардем, ки онро дар кӯча, назди биноҳои истиқоматӣ мондем, сагҳо истеъмол карда, фавтиданд. Қариб 1000 адад чунин маводро омода намудем, дар натиҷа бештар аз 500 саги дайдуи бесоҳиб кушта шуд. Ҳоло ҳам маводҳо тайёр мекунем ва худи имрӯз 28 сагро куштем».
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Аҳмадҷон Нусратов, баробари афзоиши сагони дайду ва аз ҷумла сагони ҳорӣ, харидории ваксинаҳое, ки баъд аз газидани саг бояд ба зарардидагон гузаронида шавад, мушкили доғ боқӣ мемонад. Зеро нархи як қутии ин ваксина то 700 сомонӣ мебошад, ки на ҳама маризон метавонанд онро харидорӣ кунанд. Захираи ваксинаҳо дар муассисаҳои беҳдоштии шаҳри Турсунзода на барои ҳамаи беморон мерасад.
Ин дар ҳолест, ки аз аввали сол то кунун дар шаҳри Турсунзода 658 нафар мавриди ҳамлаи сагони дайду қарор гирифтаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 225 маврид бештар будааст. Ҳафтаи гузашта Исмоили 8-сола, ки ӯро саги ҳорӣ ё девона ӯро газида буд, фавтид. Вай хурдсолтарини 658 сокини ноҳияи Турсунзода буд, ки саги бемор газидааст.
Аммо падари Исмоил, Иброҳим Раҷабов ба ин ташхиси духтурон шак дорад ва мегӯяд писараш аз беаҳамиятии пизишкон даргузашт: «Дар мактаб прививка карданд, ҷойи прививка варам кард ва панҷ рӯз касал шуда, фавтид. Духтурон ташхиси дуруст карда натавонистанд. Саг зинда аст, сагчаи ширхӯри хонагӣ. Вай се-чор моҳ пеш газида буд. Худи духтурон сабаби бемории ӯро муайян карда натавонистанд, баҳона карданд, ки ин натиҷаи газидани саг аст. Тамоман нигоҳ накарданд духтурҳо».
Аммо падари Исмоил, Иброҳим Раҷабов ба ин ташхиси духтурон шак дорад ва мегӯяд писараш аз беаҳамиятии пизишкон даргузашт: «Дар мактаб прививка карданд, ҷойи прививка варам кард ва панҷ рӯз касал шуда, фавтид. Духтурон ташхиси дуруст карда натавонистанд. Саг зинда аст, сагчаи ширхӯри хонагӣ. Вай се-чор моҳ пеш газида буд. Худи духтурон сабаби бемории ӯро муайян карда натавонистанд, баҳона карданд, ки ин натиҷаи газидани саг аст. Тамоман нигоҳ накарданд духтурҳо».