Коршиносон: Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд аст

Коршиносони риштаи мухобирот мегӯянд, бахши умдаи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳанӯз вориди ҷаҳони электронӣ нашудаанд.
Аммо ба бовари Ансор Ниёзов, як масъули Раёсати хизмати давлатии Тоҷикистон, соли 2012 барои иҷрои тарҳи «ҳукумати электронӣ»-и Тоҷикистон соли пешрафт буд. Вай саҳми созмонҳои байналмиллалӣ ва сармоягузорони хориҷиву дохилиро дар ин амр ҳалкунанда номид: «Зеро бо кӯмаки онҳо, таъминот бо компютер зиёд мешавад ва ин ҷараён тезтар сурат хоҳад гирифт. Ҳоли ҳозир бошад ҳар коре, ки барои татбиқи ин тарҳ зарур аст, амалӣ мешаванд. Якум, компютеркунонии мақомоти марказиву маҳаллӣ ва худидоракунии кишвар ба роҳ монда шудааст ва дар ин баробар хизматичиёни давлатӣ оиди моҳият ва нозукиҳои гузариш ба ҳукумати электронӣ омӯзиш мебинанд. »

Ба гуфтаи Ансор Ниёзов, соли гузашта таъминоти компютерӣ дар сатҳи мақомоти марказӣ 80 дарсад, маҳаллӣ 67 дарсад ва ҷамоатҳо ҳудуди 45 дарсад қарор дошт. Аммо гуфта мешавад, бо вуҷуди он, ки кормандони бахши аъзами вазорату идораҳо бо компютер таъминанд, вале на ҳама ин ниҳодҳои давлатӣ саҳифаҳои интернетии худро доранд.

Муҳаммадӣ Ибодов, сарвари созмони Ташаббуси шаҳрвандии густариши интернет ва аз мубтакирони ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, сокинони кишвар аллакай барои қабули хадамоти ҳукумати электронӣ омодаанд ва он ниҳодҳову муассисаҳое, ки аҳамияти ин равандро дарк кардаву қобилияти кадрӣ доранд, то андозае дар ин самт пеш рафтаанд.

Ӯ мегӯяд: «Дар ин самт пешравиро дар шаҳрдории пойтахт, соҳаи андозу гумрук, маорифу тандурустӣ ва вазорати умури хориҷӣ ноил шудаанд. Масалан, ба қайдгирии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар равзанаи ягона, супоридани ҳисоботҳои андоз тариқи шабакаҳои электронӣ рушд ёфтааст. Ҳоло боз равзанаи ягонаи воридоту содирот дар гумрук дар ҳоли таъсисёбист. Хулоса, барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ бояд ҳамагон ҳавасманд бошад, дар ин сурат он метавонад рушд ёбад.»

Дар ин баробар Муҳаммадӣ Ибодов меафзояд, тибқи мушоҳидаҳо шумораи он сокинони кишвар, ки тариқи сомонаи «Мо метавонем» ба шаҳрдорӣ дархостҳои худро оиди хизматрасониҳои коммуналӣ ирсол медоранд, дар ҳоли афзоиш аст. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1700 шаҳрванди кишвар, арзу шикояти худро аз ин роҳ ба гӯши мақомот расондаанд.

Дар ҳамин ҳол Талъат Нӯъмонов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази технологӣ ва комуникатсионӣ" дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳукумати кишвар бояд дар фикри ҳар чӣ тезтар ба роҳ мондани хидматрасониҳои электронӣ ба ҷомеа бошад.

Талъат Нӯъмонов гуфт: «Имрӯз бояд пеш аз ҳама фарҳанги истифодаи технологияи муосирро дар ҷомеа паҳн кард. Дигар ин, ки беҳтар мебуд агар дар муассисаҳои кишвар серверҳои маҳаллӣ насб мегардиданд, то ин, ки доду гирифти мактубҳои электронӣ қуллай мешуд. Барои анҷоми ин кор маблағи зиёд лозим намешавад ва ҳамзамон ин ба баланд шудани мӯҳтавои интернети маҳаллӣ боис мегардад. Дар натиҷа кори ҳамаи кормандони муассисаҳои давлативу хусусӣ ва ҳам ҷомеаро метавонад осон шавад.»

Гуфта мешавад, дар заминаи ташкили ҳукумати электронӣ феълан шабакаи ягонаи давлатӣ байни мақомоти идоракунӣ таъсис ёфта, 48 ниҳод ба он пайваст гардидаанд. Он дар Раёсати хизмати давлатӣ ҷойгир шуда, дар баробари мукотиботи электронӣ байни вазорату идораҳо, махзани иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар низ гардиш мехӯрад.

Дари ин авохир роҳандозии хадамоте, назири дарёфти билети ҳавопаймо, пардохти маблағи телефон, барқу дигар хадамоти коммуналиро тариқи терминалҳои вижа дар шаҳри Душанбе таҷриба шуда ва ин раванд ҳоло густариш меёбад.

Ба ин далел соҳибназарон бар ин боваранд, ки дар сурати ривоҷ ёфтани чунин хадамот, роҳ барои эҷоди ҳукумати электронӣ низ ҳамвор хоҳад шуд. Ин барнома, ки дар соли 2003-юм оғоз ёфта буд, қарор аст, соли 2020 ба иҷро расад.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!