Ширкати нафти бритониёии ВР имрӯз розӣ шуд, ки 50 фоизи саҳмияҳояш дар TNK-BP-ро ба ширкатии русии “Роснефт” дар баҳои 17,1 миллиард доллар ва 12,84 дарсади саҳмияҳои он ширкат бифурӯшад. BP 4,8 миллиард доллари дигар аз ин маблағро барои харидории 5,66 фоизи саҳмияҳои “Роснефт” аз давлати Русия сарф карда, саҳмашро дар ин ширкати русӣ ба 18,5 дарсад хоҳад расонд. Президенти Русия Владимир Путин, ки ҳангоми эълони ин хабар бо раҳбари “Роснефт” Игор Сечин мулоқот дошт, гуфт, ин як хабари хуш нафақат барои бахши энержӣ, балки барои тамоми иқтисоди Русия аст: “Ин як паёми хеле хуб барои бозори Русия ва бозори ҷаҳонии энержист. Ин як таъйиди дигари боварии ҳамкорони мо ба кор дар бозори Русия аст.”
”Роснефт” мехоҳад нисфи дигари саҳмияҳои TNK-BP-ро низ аз консортиуми миллиардерҳои рус бо номи AAR дар баҳои 28 миллиард доллар харида, ба бузургтарин ширкати нафтии дунё табдил шавад.
”Роснефт” мехоҳад нисфи дигари саҳмияҳои TNK-BP-ро низ аз консортиуми миллиардерҳои рус бо номи AAR дар баҳои 28 миллиард доллар харида, ба бузургтарин ширкати нафтии дунё табдил шавад.