Афзоиши ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар кишвар мизони ҷиноятҳои вазнин рӯ ба афзоиш аст. Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, муддати 9 моҳи ахир мизони ҷиноятҳои вазинин, назири куштор бо истифода аз силоҳи оташнишон афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ 3340 ҳодисаи ҷиноят сабт шудааст. Масъулон мегӯяд, 91 дарсади ҷиноятҳо ошкор шудаанд. Ҳамзамон ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон 667 волидайн барои нақзи қонун аз сӯи фарзандонашон, ба ҷавогарии ҷиноӣ кашида шуданд.