Сафари вакилони порлумони Тоҷикистон ба Таиланд

Гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, озими пойтахти Таиланд шуданд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон рӯзи душанбе, 22-юми октябр, ба Радиои Озодӣ зимни тасдиқи ин хабар гуфт, вакилон -- Нодира Турдиматова ва Амирбек Маҳмадалиев ҷиҳати иштирок дар даҳумин ҷаласаи Ассамблеяи генералии парлумонҳои Осиё ба Бангкок, пойтахти Таиланд, сафар карданд.

Ба таъкиди Султонов, вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷашние, ки 24-уми октябр ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Ассамблеяи генералии парлумонҳои Осиё дар Бангкок баргузор мегардад, ширкат менамоянд. Ҳамзамон, дар ин ҷаласа масоили марбут ба фаъолияти Ассамблеяи генералии порлумонҳои Осиё ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Зимнан, Ассамблеяи генералии парлумонҳои Осиё дар соли 1982 таъсис шуда, алҳол ба ҳайати он 25 кишвари Осиё ва ҳавзаи Уқёнусия шомил мебошанд.