Бархе аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия гуфтаанд, муаллифони "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ"-ро ба додгоҳ хоҳанд кашид.
Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ вокуниши расмии худро нисбат ба тасвири "нодуруст"-и муҳоҷирон дар "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" баён хоҳад дошт. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамот, рӯзи шанбеи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, айни замон роҳнамо дастраси онҳо шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ба расонаҳо гуфтааст, муаллиф ва ноширони "Раҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар Санкт-Петербургро ба додгоҳ хоҳанд кашид. Зеро ба қавли ӯ, "пас аз нашри барномаи Наша Раша моро Равшану Ҷамшуд меномиданд. Акнун пас аз нашри ин варақа моро "ҷорӯб" ва ё "андовачӯб" хоҳанд гуфт."
"Одамонро ба венику ҷорӯб монанд кардаанд. Дар сурате, ки онҳо веник бошанд, ба онҳо паспорт чӣ лозим?",-изҳор дошатааст Каромат Шарифов дар сӯҳбат бо нашрияи "Известия". Вай илова кардааст, "ҳуқуқшиносони мо санад дар бораи муроҷиат ба додгоҳро долгоҳ омода мекунанд. Мо ҳамаи ин роҳнаморо пайдо ва нест хоҳем кард."
Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтааст, панҷоҳ дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия соҳиби маълумоти олиянд ва ин "роҳнамо" ба шаъну эътибори онҳо муносиб нест. Ба гуфтаи ӯ, бояд намояндагони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон, ки ин роҳнамо ба забони онҳо нашр шудааст, дар бораи манъи чоп ва тавзеи он ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари маркази "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" низ дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, ин роҳнамо шарафи муҳоҷирнро паст задааст: "Агар ин дар шакли филми тасвирӣ мебуду дар қатори муҳоҷирон корфармоёну маъмурони пулис ҳам ба ашклҳои гуногун тасвир меёфтанд, шояд ин баробарӣ мешуду касе озурда намегардид."
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Узбакистон гуфтаанд, ки "дар ин роҳнамои муҳоҷирон нишонаи экстремизм ҳувайдост" ва онҳо омодаанд, ба додгоҳ муроҷиат намоянд.
Дар шаҳри Русия дастуре барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон - "Справочник трудового мигранта" ("Раҳнамои муҳоҷирони корӣ") нашр шудааст, ки аз маҷмӯи машваратҳо барои муҳоҷирон иборат аст. Дар ин раҳнамо аз ҷумла, роҳҳои бақайдгирии расмиву гирифтани иҷозати кор, роҳҳои пешгирӣ аз олудашавӣ ба ВИЧ СПИД ва муассисаҳои ёрии таъҷилӣ, ҳамчунин тасвирҳое ҷо дода шудаанд.
Аммо ончӣ мояи таассуф ва хашм шудааст, ин аст, ки қаҳрамонҳои ин китобча ба шакли ҷорӯб, мӯқалам, андовачӯб (шпатель) ва валик тасвир шудаанд. Дар яке аз саҳифаҳои аввали ин китоб саҳнаи пешвозгирии меҳмонҳои нави Русия аз ҷониби масъулин - милиса, духтур, ходими давлат ва роҳбалад тасвир шудааст, ки ҳамагӣ шабеҳи инсонҳоянд. Аммо онҳое, ки ба меҳмонӣ омадаанд, ашёи беҷоне буданд, ки дар корҳои сиёҳ истифода мешаванд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!