Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа сафири нави Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин мулоқот Сюзан Эллиот зимни таслими эътимодномаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон, роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мубориза бо терроризм, тундгароӣ, амнияти марзҳо ва масоили иқтисодӣ изҳори назар кардааст.
Ба иттилои Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Сюзан Эллиот аз ҷумла таъкид кардааст, ки дар роҳи рушди муносиботи дӯстии ду кишвар ва ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон саъю талош хоҳад кард.
Зимнан, бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва Рустам Назаров, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, зери созишномаи дуҷониба имзо гузоштанд, ки мувофиқи ин санад, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон маблағи 9, 5 миллион доллар тахсис хоҳад хоҳад дод.
Дар назар аст, ин маблағ барои татбиқи барномаҳои марбут ба амнияти марзҳои Тоҷикистон, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухадир, харидуфурӯши одамон ва таҳкими соҳаи ҳуқуқ сарф хоҳад шуд.
Аз соли 1992 ҷамъи кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон 984 миллион долларро ташкил медиҳад.
http://www.youtube.com/embed/J72g1fe_s9U
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!