Маҳбуси зиндони №1 дар бораи марги Ҳамза шоҳидӣ медиҳад

Ҳамза Икромзода

Маҳбусе, ки ҳамчун шоҳиди марги Ҳамза Икромзода муаррифӣ мешавад, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Рафаэл Мақсудов, яке аз маҳбусҳои зиндони рақами аввали Душанбе, мегӯяд, ҳамчун шоҳиди латту кӯб ва марги Ҳамза Икромзода мавриди бозпурсии муфаттишон қарор гирифтааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 18-уми октябр, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан таҳти ҳимояти мақомоти додситонӣ қарор дорад ва барои мусоҳибаву баёни воқеияти марги Ҳамза Икромзода, сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор дар зиндони рақами аввал омодааст.

Ҷаноби Мақсудов, мегӯяд, 15-уми сентябри соли ҷорӣ, ҳангоми шумурдани маҳбусон дар саф ҳозир нашуд, вайро ба ШИЗО (утоқи ҷаримавӣ) бурдаанд, ки дар онҷо Ҳамза Икромзода низ будааст. Ба қавли Рафел, "субҳи ҳамон рӯз ходими маҳбас Темур Тоштемиров, Ҷамол, Давлатманд, Маҳмуд, Шерафган вориди ШИЗО шуда, бо дастбандҳои оҳанӣ дастони Ҳамзаро бастанду то хуншор шудани сару рӯяш лагадкӯб карданд".

Ин маҳбус дар идомаи нақлаш гуфт, "тақрибан 10 дақиқа ӯро латту кӯб намуданд. Дар танаш либос надошт. Лаҳзаи латту кӯб фарёд мекард, ки ҷигарам кафид, лекин ӯро бо ҳамин ҳол парфтотанду рафтанд. Ягон кӯмак нарасониданд. Вақте ба пеши вай омаданд, алакай дер шуда буд. Ҳамза пештар гуфта буд, ки борҳо ба онҳо пул дода будааст, аммо дафъаи охир, ки аз додани пул худдорӣ кардааст, ба ӯ чунин ҷазоро раво дидаанд." Рафаэл Мақсудов мегӯяд, ин ҳодиса ва боз фактҳои дигарро дар хусуси шиканҷаи Ҳамза Икромзода ба муфаттишон баён кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як бахши сӯҳбати Рафаэл Мақсудов бо Радиои Озодӣ



Вай меафзояд, пас аз ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода кормандони маҳбас ба зиндониҳо боз ҳам бадтар муносибат мекунанд. "Бо баҳонаҳои кӯчак ба ШИЗО мебаранду латту кӯб мекунанд",-мегӯяд ӯ.

Рафаэл Мақсудов бо ҷурми дуздӣ барои сеюним соли маҳрумият аз озодӣ ба маҳбас маҳкум шуда, 2,5 сол давраи ҷазоро паси сар гузоштааст. Пеш аз ӯ, маҳбуси собиқ Сайдалӣ Казаков низ ба дафтари Радиои Озодӣ омада, дар бораи шиканҷаи Ҳамза Икромзода ва дигар маҳбусон сӯҳбат карда буд. Вале мақомоти Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон иддаои Казаковро дар бораи шиканҷаи зиндониён рад карда ва гуфтанд, барои таҳқиқи гуфтаҳои онҳо комиссия ташкил мекунанд.