Бо вуҷуди он ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон имконоти фаровоне дорад, ҳанӯз ҳам сафи муштариёнаш андак будааст.
Бузургтарин бино дар Тоҷикистон, бо масоҳати 45 ҳазор метри мураббаъ, моли Китобхонаи миллист. Дар бунёди ин бино 5 сол ва 40 миллион доллар сарф шудааст.
Ҳар як захирагоҳи китобхона наздик ба 7 миллион китоби чопӣ ва электронӣ дорад. Аз рӯи бовари ҳукумат ва рӯшанфикрон Китобхонаи миллӣ бояд ба "Макка"-и ҷавонони тоҷик табдил шавад.
Толори электронии китобхона аз маъруфтарин толорҳост. Ин толори дорои 170 компютер ҳамеша серодам аст. Аз ин ҷо муштариён ба захирагоҳи маводи электронӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, ки беш аз 20 миллион китоб, корҳои илмӣ ва маколаҳоро фаро гирифтааст.
Аммо шояд бахши умдаи муштариён аз вуҷуди ин захирагоҳи пурарзиш хабар надоранд. Аксари муштариён ба тамошои аксҳо ва ё сӯҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд.