Шаҳриёри сесола куҷо шуд?

Шаҳриёр Ҳусейнови сесола

Бо гузашти як ҳафта аз ғайб задани Шаҳриёр Ҳусейнови 3-сола, волидонаш наметавонанд аз ӯ ному нишоне пайдо кунанд.
Зубайдулло Ҳусейнов-падари Шаҳриёр мегӯяд, ҳар рӯз барои пайдо кардани нишоне аз писараш, худро ба сад кӯю дар мезанад, ба ноҳияҳои дуру наздик сафар мекунад, аммо ҳамаи талошҳояш бенатиҷаанд.

Шаҳриёри 3-сола ҳафт рӯз қабл дар рӯзи равшан ҳангоми бозӣ аз назди манзили зисташон нопадид гашт. Ягона иттилое, ки онҳо роҷеъ ба ғайб задани фарзандашон доранд, ин шоҳидии писарбачаи ҳамсоя аст. Ба гуфтаи ин наврас, ӯ дидааст, ки чӣ тавр афроди ношиносе Шаҳриёрро бо роҳи фиреб дар як мошини сиёҳшиша бо худ бурдаанд. Ба суоли писарак, ки Шаҳриёрро куҷо мебаред, ронандаи мошин гуфтааст, ки яке аз хешовандонӣ Шаҳриёр аст ва ӯро тамошо мебарад.

«Ҳамон писарак омаду гуфт, ки Шаҳриёрро як мошин бурд. Ин кор мисли як афсона шуд, ҳамин қадар, ки мекобем ҳеҷ дараку нишоне намеёбем. Ба ҳама ҷо муроҷиат кардаем, кофтукоб дорем, вале наметавонем ҳадди аққал ягон риштачае пайдо кунем, ки моро ба назди писарам барад. Аз ягон ҷо ягон иттилое нест, ба ғайри як кӯдак дигар касе чизе надидааст. Охир ман на ягон одами доро не, як одами камбағалам ҳайронам, ки кӣ ва ба чӣ хотир фарзанди маро дуздида бошад.»

Эълонҳо бо расму суроғаи Шаҳриёри бенишон имрӯз дар фурудгоҳу роҳи оҳан ва дигар шаҳру навоҳии кишвар паҳн шудааст. Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор ҳам ҳодисаи гум шудани тифли сесоларо тасдиқ намуданд ва гуфтанд, ки дар ин маврид парванда боз шуда, ҷустуҷӯ идома доранд. Аммо Холмаҳмад Забиров, нозири минтақаии деҳоти Алмосӣ мегӯяд, ҳоло дақиқ нест, ки Шаҳриёр воқеан рабуда шудааст: «Ҳоло корҳои ҷустуҷӯи идома дорад, ҳар рӯз бачаҳо сафарбар мешаванд ба ин кор, ҳоло аниқ нест, ки сабаби аслии нопадид шудани тифл чӣ аст ва мо наметавонем гӯем ки ӯ рабуда шудааст. Омилҳо, ки дақиқ шуд, мо худамон хабар медиҳем.»

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор мегӯянд, ин аввалин ҳодисаи ғайб задани як кӯдаки 3 сола дар ноҳия аст, аммо ба иттилои онҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 11 ҳодисаи гум шудани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки аксарият духтаронанд ва дар бештари маврид онҳо аз кӯчаҳои шаҳр пайдову ба оилаҳои худ баргардонида мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 300 ноболиғ дар феҳристи афроди нопадидшуда қарор доранд. Ҳарчанд мақомоти масъули кишвар ҳодисҳаҳои рабуда шудани кӯдаконро тасдиқ намекунанд, соҳибназарон ва сокинони кишвар аз мавридҳои қочоқ ва рабуда шудани кӯдакон аз тарафи афроди ношинос бисёр мегӯянду нигаронӣ мекунанд.

Назири Нусрат, хабарнигори тоҷик, ки ахиран аз пайи таҳқиқи ҳамин мавзӯъ буд, мегӯяд, далелҳо рӯшананд, ки барои мисол Шаҳриёри 3 сола бо мақсади қочоқи дуздида шудааст. Ба қавли Назир, имрӯз ҳар як кӯдакро дар кишвар ин хатар таҳдид мекунад.

«Воқеан ман баъди ин пажӯҳиши хурдам ба хулосае омадам, ки ҷомеаи Тоҷикистион айни замон дар ҳолати беҳимоятӣ қарор дорад. Бубинед, як нафар меояд бо мошини сиёҳшиша аз роҳи калон як кӯдакро дуздида меравад ва мақомот бо гузашти 1 ҳафта аз ҳодиса наметавонад ошкор кунанд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз ҳар кӯдаки тоҷик метавонад қурбони чунин як амали хушунатомез бошад. Кӯчаҳои мо имрӯз пур аз мошинҳои сиёҳшиша ва пур аз кӯдаконанд. Кӣ медонад, ки айни ҳол ҳамон кӯдаки дуздидашуда дар кадом ҳолат қарор дорад? Ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки ӯ аллакай донори касе шудаст ё на. Он маълумоте, ки аз сӯҳбат бо сокинони Ҳисор ба даст омад, дар худи ҳамон рӯз дар тақрибан 4 деҳаи ин ноҳия ҳамин ҳолат мушоҳида шудаст, аммо дуздон танҳо дар деҳаи охирон тавонистаанд ба ин кори худ муваффақ шаванд.»

Соҳибназарон мегӯянд, ҳоло одамрабоӣ ба як тиҷорат табдил ёфтааст. Зулфия Нуралиева, танзимгари барномаи хадамоти ҷустуҷӯи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар пайдо кардани афрооди гумшуда ба сокинони кишвар кӯмак мерасонанд, мегӯяд, ахиран ба онҳо модаре барои дарёфти фарзандаш муроҷиат кардааст. Писари ҷавони ин модар аз сӯи як ширкате ба Русия барои кор фиристода шудааст ва бо ҳамин ғайб задаасту наздиконаш дигар аз ӯ хатту хабаре надоранд:«Масъулини ин ширкат гуфтаанд, ки гӯё он ҷавон бо онҳо 1 сол кор кардаву баромада рафтааст. Ҳоло ҳамин хел фирмаҳо зиёд шудааст, ки мебаранд ва ба зиндагии он шахс кафолат дода наметавонанд, ки сиҳату саломат онҳоро ба ватан бармегардонанд. Ҳарчанд дар шартномаи онҳо ин омадааст.»

Дар ҳамин ҳол Рафоат Бобоева, роҳбари созмони «Чашмаи ҳаёт», ки дар масоили қочоқи инсон ҳам кор мебарад, мегӯяд, дар шароите, ки дар ҷаҳон ҳодисаҳои қоҷоқу рабуда шудани кӯдакону ноболиғон бо ҳадафи фурӯхтани узви бадан ва ё сабти онҳо дар наворҳои фаҳшо зиёд мешавад, дар Тоҷикистон ҳам бояд иқдомоти таблиғотӣ ба вижа миёни хурдсолону волидон бештар шавад, то кӯдакон ба доми фиреби қочоқчиён наафтанд ва ё тавонанд ба ҳар даъвати кӯдакдуздон, "не" бигӯянд.