Ангишти қирғизӣ дар Тоҷикистон - "аввал дарвешу баъд хеш"

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки дар остонаи зимистон қимати ангишт назар ба се-чор моҳи пеш ду баробар афзоиш ёфтааст.
Як сабаби инро мутахассисону масъулони қирғиз бо ошкору пинҳон ба Тоҷикистон фурӯхтани ангишт рабт медиҳанд.

Ҳанӯз тобистони соли ҷорӣ муовини нахуствазири Қирғизистон Аалӣ Карашев аз вазорати иқтисод ва сиёсати зиддиинҳисорӣ хоста буд, ки сабабҳои болоравии қимати ангиштро таҳқиқ кунанд, зеро нархи як тоннаи он аз 7 ҳазор сом (муодили тақрибан 150 доллар) то 10 ҳазор сом ( баробар ба 212 доллар) боло рафта буд. Ҳоло дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз ҷумла, дар вилояти Бодканд, қиммати як тонна ангишти аълосифат то 14 ҳазор сом ё тақрибан 300 доллар афзоиш ёфтааст.

Дар Қирғизистон чанд кони бузурги ангишт мавҷуд аст, ки баъзеи онҳо дар мавзеи Сулюкта дар наздикиҳои марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Хабарнигори қирғиз Жениш Айдаров мегӯяд, ки дар ин кон соле то 164 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешавад ва даҳҳо тоннаи онро тоҷирони Тоҷикистон харидорӣ мекунанд. Ӯ
меафзояд, ки тоҷирони тоҷикистонӣ дар қиёс бо тоҷирони маҳаллӣ маблағи ангиштро пешакӣ пардохт ва аз ин рӯ онро бо нархи арзонтар харидорӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, мегӯяд хабарнигор, кочоқи ангишт ба кишвари ҳамсоя низ ривоҷ дорад, зеро аз ин роҳ масъулини кони ангишт соҳиби пули нақд мешаванд ва ба хазина молиёт ҳам намесупоранд. “Маҳз фурӯши ангишт ба Тоҷикистон боиси камчинӣ ва ба таври бесобиқа боло рафтани қимати ангишт дар бархе аз мавзеъҳои Қирғизистон шудааст.”

Аммо Баҳриддин Абдураҳимов, сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишти вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, имсол аз Қазоқистон ва Қирғизистон ба кишвар ҳамагӣ 10 ҳазор тонна ангишт ворид шудаасту халос, зеро истихроҷи ин маводи сӯхт дар кишвар ба ҳадде афзоиш ёфт, ки тақрибан ниёзе ба воридоти он намондааст. Ба гуфтаи ӯ, “то 15 октябр истихроҷи ангишт ба 346 ҳазору 526 тонна расид, ки назар ба як соли пеш 154 ҳазор тонна бештар аст. Фурӯши ангишт бошад, зиёда аз 363 ҳазор тоннаро ташкил дод, даҳ ҳазор тонна аз хориҷи ҷумҳурӣ – аз Қазоқистону Қирғизистон ворид шудааст”.

Афзоиши тавлиди ангишт бо мушкилиҳои солҳо боз домангири Тоҷикистон - камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо ва монеагузориҳои Узбакистон дар интиқоли газ ба кишвар рабт дорад.

Ба гуфтаи Баҳриддин Абдураҳимов, ба афзоиши истихроҷи ангишт ду омил мусоидат кардааст – ҳанӯз аз моҳҳои май- июн ба харидории ангишт шурӯъ кардани мардум ва дигарӣ – пурра ба истифодаи ин маводи сӯхт гузаштани 141 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои сементбарории кишвар. Дар навбати худ, ба истифодаи ангишт гузаштани ин корхонаҳо аз афзоиши қимати масолеҳи сохтмонӣ – сементу хишт ҷилавгирӣ кард.

Аз сӯи дигар, Тоҷикистон содироти ангиштро ба Афғонистону Покистон қатъ кард, ки низ ба афзоиши ин маводи сӯхт дар бозори дохилӣ мусоидат намудааст. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ангишти Тоҷикистон назар ба кишварҳои ҳамсоя арзонтар аст ва аз ин рӯ иддаои қирғизҳо дар бораи он ки тоҷирони тоҷик ба миқдори бузург аз он кишвар ангишт харидорӣ мекунанд, тааҷҷубовар аст.

Баҳриддин Абдураҳимов мегӯяд: “Нархи як тонна ангишти Қазоқистон дар истгоҳи роҳи оҳани вилояти Суғд 93 доллар аст. Ангишти Қирғизистон бо нархи 50 доллар барои як тонна ворид мешавад. Ва бубинед, қимати як тонна ангишти конҳои бози Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 150 сомонӣ ё 31 доллар ва аз конҳои зеризаминӣ 254 сомонӣ ё каме баштар аз 52 доллар аст”

Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, ангишти Сулюкта, ки ҳамчун “ангишти бӯр” маъруф аст, дар шимоли Тоҷикистон харидори зиёд дорад, ба вижа, миёни соҳибони
чойхонаву тарабхонаҳо: “Ин навъи ангишт дер месӯзад ва хона аз сари шаб то бомдод гарм боқӣ мемонад. Он барои кабоб пӯхтан ҳам хело мувофиқ аст, зеро онро намесӯзонад, бигирем, бо ангишти Зиддӣ кабоб пӯхтан қариб ки номумкин аст”.

Ба гуфтаи масъули саноати истихроҷи нафти вазорати энерҷии Тоҷикистон, ангишти кони Шӯроб аз ангишти Сулюкта фарқе надорад ва дар сурати дубора фаъол шудани ин кон Тоҷикистон шояд воридоти ангишти кишварҳои ҳамсояро қатъ кунад. Вале то ҳол ягон сармоягузори хориҷӣ барои умри дубора бахшидан ба кони Шӯроб изҳори омодагӣ накардааст.

Даҳ сол пеш дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду кон – Шӯроб ва Фон-Яғноб дар истихроҷи ангишт фаъол буд, ҳоло 14 ширкат дар 11 кон ба истихроҷи ин маводи сӯхт машғул аст. Баҳриддин Абдураҳимов меафзояд, ки рӯзҳои ахир истихроҷи ангишт дар кони Зиддӣ аз 3 ҳазор тонна дар як шабонарӯз то 300 тонна коҳиш ёфтааст ва аммо шояд ин баёнгари он аст, ки мардум бо ангишт таъминанд.

Дар ҳамин ҳол бархе сокинони кишвар мегӯянд, ки онҳо тавони харидории ангиштро надоранд, зеро нархи он назар ба солҳои пеш афзуда, то ба 300 ва 400 сомонӣ барои як тонна расидааст. Баъзе аз ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯянд, ки дар сурати интиқоли 2-3 тонна ангишт аз маҳалли фурӯш то маҳалли зист қимати ангишт ду баробар зиёд мешавад.

Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши кишвар тақрибан 51 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки агар ин захира дар Тоҷикистон харидор пайдо накунад, шояд онро ба Афғонистону Покистон фурӯшанд. Ҳамзамон бархе иқтисоддонҳо мегӯянд, дар сурати гарм омадани зимистони имсола, мардум шояд андешаи захира кардани маводи сӯхт барои ояндаро аз сарҳо дур кунанд ва дар он сурат истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон шояд то сатҳи солҳои қаблӣ поин равад.