Намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон бовар доранд, ки узвият дар СҶТ (ВТО) боис мешавад, то сифати маҳсулоти ватанӣ боло ва нархашон поён равад.
Рӯзи сешанбе, 16-уми октябр, дар Душанбе мавзӯи вуруди Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва фоидаҳои он ба баррасӣ гирифта шуд.
Ин нишаст бо ҳимояти идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) ва мусоидати Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони тоҷик масъалаи ислоҳоти соҳаи молиявӣ ва ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои дигарро аз узвият дар СҶТ мавриди муҳокима қарор доданд.
Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Сандуқи байналмилалии пул ва Маркази байналмилалии тиҷорат ба ҳозирон аз таҷриба ва донишҳои худ дар мавриди узвият дар СҶТ ва хадамоти молиявӣ суҳбат карданд.
Хуан Маркеттӣ, як масъули бахши хадамоти тиҷорати СҶТ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бешак аз воридшавӣ дар ин созмон манфиати бештаре дарёфт хоҳад кард. "Аммо ин тавр нест, ки имрӯз ба созмон шомил шуда, фардо манфиат бинӣ. Барои ин ҳама, фурсати муайяне зарур аст",-гуфт ӯ.
Ба қавли Хуан Маркеттӣ, қабл аз ҳама, дар бахши тиҷорати Тоҷикистон низоми муайян барпо хоҳад шуд: "Фоидаи аввал ин аст, ки СҶТ қоидаҳои муайян дар тиҷорати молу маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистонро таъмин мекунад. Бар изофаи ин, узвият дар СҶТ ба Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар бештар ворид шавад. Дар шароити феълӣ ин барои Тоҷикистон хеле зарур аст".
Аммо маҳз бо манзури пазируфтани қоидаҳои ягонаи тиҷорати СҶТ аз сӯи Тоҷикистон бархе таҳлилгарони масоили иқтисодӣ ҳадс мезананд, ки қимати бе ин ҳам гарони молу маҳсулот ва хадамот дар дохили Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Вале Хуан Маркеттӣ, намояндаи СҶТ, пешбинии таҳлилгаронро рад кард ва гуфт: "Дар ин бора бе рӯи даст доштани маълумоти мушаххас чизеро шарҳ дода наметавонам, аммо ба назари ман, баръакс, узвияти Тоҷикистон ба СҶТ боиси поин рафтани қимати молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ва сифати онҳо хоҳад шуд."
Албатта, қабл аз ҳама таъсири мусбат ва ё манфии узвияти Тоҷикистон дар СҶТ-ро бахши хусусии тиҷорат ва иқтисоди кишвар эҳсос хоҳад кард, ки дар нишасти Душанбе намояндагони ин бахш суолҳо оиди дарёфти манфиат ва ё зиён аз ин созмонро бо масъулини СҶТ дар миён гузоштанд.
Абдуллоҳ Муҳаммадиев, муовини раиси кулли ҷамъияти саҳҳомии “Нафиса”, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз манфиатҳои бештари узвияти Тоҷикистон ба СҶТ ба бахши хусусии кишвар сӯҳбат кард ва гуфт: "Қабл аз ҳама тиҷорат дар қаламрави кишварҳои узв озод мешавад. Ҳамчунин, ин узвият ба воридшавии фанновариҳои муосир ва хадамот ба кишварҳои дар ҳоли рушд мусоидат хоҳад кард ва сад(д)ҳои сунъӣ дар ин бахш аз миён бардошта мешаванд".
Муҳамаддиев мӯътақид аст, узвияти Тоҷикистон дар СҶТ боиси боло рафтани сифати маҳсулоти ватанӣ мешавад: "Вақте мо ба СҶТ шомил мешавем, воридоти маҳсулот аз кишварҳои узв озодона сурат мегирад. Бинобар ин, тавлидкунандагони дохилӣ маҷбур мешаванд ки маҳсулоти тавлидкардаашон ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ бошад. Яъне босифат ва қимати арзиши аслиашон поин бошад, ки бо маҳсулоти хориҷӣ рақобат карда тавонанд."
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Женева ҷаласаи дурӯза ва ниҳоӣ дар бораи воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) баргузор шуда буд. Зимни ҷаласа, ки ҳайати Тоҷикистонро Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар раҳбарӣ мекард, таъкид гардидаст, ки бояд ҳарчӣ зудтар Тоҷикистон қонунгузориҳои худро ба талаботу хостори СҶТ мутобиқ намояд.
Ин нишаст бо ҳимояти идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) ва мусоидати Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони тоҷик масъалаи ислоҳоти соҳаи молиявӣ ва ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои дигарро аз узвият дар СҶТ мавриди муҳокима қарор доданд.
Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Сандуқи байналмилалии пул ва Маркази байналмилалии тиҷорат ба ҳозирон аз таҷриба ва донишҳои худ дар мавриди узвият дар СҶТ ва хадамоти молиявӣ суҳбат карданд.
Ба қавли Хуан Маркеттӣ, қабл аз ҳама, дар бахши тиҷорати Тоҷикистон низоми муайян барпо хоҳад шуд: "Фоидаи аввал ин аст, ки СҶТ қоидаҳои муайян дар тиҷорати молу маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистонро таъмин мекунад. Бар изофаи ин, узвият дар СҶТ ба Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар бештар ворид шавад. Дар шароити феълӣ ин барои Тоҷикистон хеле зарур аст".
Аммо маҳз бо манзури пазируфтани қоидаҳои ягонаи тиҷорати СҶТ аз сӯи Тоҷикистон бархе таҳлилгарони масоили иқтисодӣ ҳадс мезананд, ки қимати бе ин ҳам гарони молу маҳсулот ва хадамот дар дохили Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Вале Хуан Маркеттӣ, намояндаи СҶТ, пешбинии таҳлилгаронро рад кард ва гуфт: "Дар ин бора бе рӯи даст доштани маълумоти мушаххас чизеро шарҳ дода наметавонам, аммо ба назари ман, баръакс, узвияти Тоҷикистон ба СҶТ боиси поин рафтани қимати молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ва сифати онҳо хоҳад шуд."
Албатта, қабл аз ҳама таъсири мусбат ва ё манфии узвияти Тоҷикистон дар СҶТ-ро бахши хусусии тиҷорат ва иқтисоди кишвар эҳсос хоҳад кард, ки дар нишасти Душанбе намояндагони ин бахш суолҳо оиди дарёфти манфиат ва ё зиён аз ин созмонро бо масъулини СҶТ дар миён гузоштанд.
Муҳамаддиев мӯътақид аст, узвияти Тоҷикистон дар СҶТ боиси боло рафтани сифати маҳсулоти ватанӣ мешавад: "Вақте мо ба СҶТ шомил мешавем, воридоти маҳсулот аз кишварҳои узв озодона сурат мегирад. Бинобар ин, тавлидкунандагони дохилӣ маҷбур мешаванд ки маҳсулоти тавлидкардаашон ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ бошад. Яъне босифат ва қимати арзиши аслиашон поин бошад, ки бо маҳсулоти хориҷӣ рақобат карда тавонанд."
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Женева ҷаласаи дурӯза ва ниҳоӣ дар бораи воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) баргузор шуда буд. Зимни ҷаласа, ки ҳайати Тоҷикистонро Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар раҳбарӣ мекард, таъкид гардидаст, ки бояд ҳарчӣ зудтар Тоҷикистон қонунгузориҳои худро ба талаботу хостори СҶТ мутобиқ намояд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад