16-уми октябр дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи синамо таҷлил мешавад.
Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ду маҳфили бошукӯҳ ҷараён мегирад. Оғози ҷашнвораи байналмилалии синамобазми «Дидор» бо ширкати ҳунармандони синамо аз 40 кишвари минтақа ва ҷаҳон ва муаррифии «Қомус ё энсиклопедияи синамои тоҷик» аз ҷумлаи барномаҳоест, ки ба муносибати Рӯзи синамои тоҷик ихтисос дода шудааст.
«Қомуси синамои тоҷик» нахустин маҷмӯъаи илмӣ ва таърихӣ дар соҳаи синамо аст, ки аз сӯи синамошинос Саъдулло Раҳимов ва Галина Элбаум дар чаҳор сол таълиф шудааст. Ин қомус аз 500 саҳифа иборат буда ва бо тиражи 1000 нусха нашр шудааст. Сандуқи Сорос аз ҳомиёни молии чопи «Қомуси синамои тоҷик» аст.
Хабарнигори Озодӣ дар гуфтугӯе бо Саъдулло Раҳимов, синамошинос ва яке аз муаллифони китоби «Қомуси синамои тоҷик», нахуст аз ин пурсид, ки чаро ин иқдом хеле дер ва бо гузашти 20 сол аз истиқлоли Тоҷикистон амалӣ шуд?
Саъдулло Раҳимов: То ин дам имконият набуд, он нафароне, ки ҳаваси ҳамин корро кардан доштанд, фурсат наёфтанд, вале кам - кам мавод ҷамъ шуда буд. Мо фақат ҳамин сол тавонистем он маводҳоро бо ҷамъ оварем. Аз соли 1929 то кунун ин маводҳо дигар дар шакли китоб гирд оварда шуданд ва бо кӯмаки Сандуқи Сорос ва Оҷонсии кӯмаки фарҳангии шведӣ дар Тоҷикистон дар натиҷа «Қомуси синамои тоҷик» дар ҳудуди ҳазор нусха чоп карда шуд. Ҷамъоварии маводҳо аз солҳои 80-уми даврони Шӯравӣ шурӯъ шуда буд. Буданд устодоне ба мисли Юрий Каплунов ва Ато Аҳроров, ки ҳоло дар Самарқанд зиндагонӣ мекунад, онҳо аллакай ба гирд овардани маводҳои лозима оғоз карда буданд. Мо бошем қисмати филмография, маълумот дар бораи синамо аз соли 1929 то имрӯзи тоҷикро омода кардем. Мақолаҳо дар бораи ашхоси гуногуни синамо, ки масалан омадаанду рафтанд ва то имрӯз зинда ҳастанд, дар дохили кишвар ҳастанд ё берун аз марзи он. Дар бораи онҳо ба воситаи китобҳо, интернет, гуфтугӯи мустақим мавод пайдо кардем ва дар маҷмӯъ, дар ҳудуди 500 саҳифа қомус омода шуд.
Озодӣ: Ин қомус аз энсиклопедияҳое, ки дар даврони Шуравӣ чоп шудаанд, ба монанди «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат» чӣ тафовут ва ё вижагиҳо дорад?
Саъдулло Раҳимов: Мақолаҳое ҳастанд, ки дар энсеклопедияи «Адабиёт ва санъат» -и тоҷик ва Энсиклопедияи миллӣ аз ин қабил мақолаҳо вуҷуд надорад. Барои он ки «Қомуси синамои тоҷик» соҳавӣ аст. Мафҳумҳо ва чизҳои дақиқу мушаххаси синаморо дар бар мегирад, ба мисли режиссёр, монтаж, кадр ва ҳоказо.
Озодӣ: Муаррифии «Қомус» ҳамзамон дар рӯзи таҷлили Рӯзи синамо ва ҳам оғози ҷашнвораи байналмилалии синамобазми «Дидор» мувофиқ омад. Ин тасодуфӣ аст ё хайр?
Саъдулло Раҳимов: Бале, ин иқдом махсус созмон дода шуд. Чун Рӯзи синамо ва ҷашнвораи «Дидор» ба синамо бахшида шудаанд. Барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ва маърифатӣ ҳастанд. Бештар мо талош кардем, то ин ки муаррифии китоб тӯҳфае гардад барои синамогарон ва алоқамандони соҳа ва мардуми тоҷик.