Максим Боқиев бо пардохти гаравпулӣ раҳо шуд

Дар Бритониё Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо пардохти гаравпулӣ боздоштгоҳро тарк намуд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар доданд. Мурофиаи додгоҳӣ оид ба истирдоди Максим Боқиев ба ИМА рӯзи 7 декабр баргузор мешавад.

Мақомоти ИМА писари раҳбари сарнагуншудаи Қирғизистонро дар кӯшиши қаллобӣ ва дигар ҷиноёт айбдор мекунанд. Дар Қирғизистон Максим Боқиев дар ҷиноятҳои сангинтар муттаҳам мешавад, аммо миёни Бишкек ва Лондон то ҳол созиш дар бораи истирдод имзо нашудааст.

Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон cубҳи 12-уми октябр дар Лондон пойтахти Бритониё боздошт шуда буд. Полиси Бритониё мегӯяд, ҳабси ӯ бо дархости Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуқӯъ пайвастааст.

Агар айбномаи ин шахс исботи худро ёбад, бино бар қонунҳои Иёлоти Муттаҳида Боқиев мумкин аст, ба муддати дароз зиндонӣ шавад.

Писари дуюми раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин аз тарафи Полиси байнулмилал ҷустуҷӯ мешуд. Пеш аз ошӯби мардумӣ, ки сабаби шикасти ҳукумати Боқиев шуд, вай Максимро раиси Хадамоти марказии рушд, сармоягузорӣ ва наворварӣ таъин карда буд. Бино бар иттилои расмии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, Максим Боқиев дар тақаллуби асноди молиявӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор мешавад.