"Ҷаҳиш"-и нархи тамос бо Русия - зарбаи нав ба ҷайби мардум

Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ талаб кардаанд, ки нархи тамосҳои телефонӣ бо Русияро афзоиш диҳанд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон, ки аввали соли ҷорӣ барои нархгузориҳои арзон ду ширкати мобилии кишварро ба ҷавобгарӣ кашида буд, акнун якҷоя бо Хадамоти алоқаи кишвар супориш додаанд, аз 1-уми ноябр ҳамаи ширкатҳо арзиши тамосҳои телефонӣ бо Русияро боло баранд.

Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон эълон медоранд, ки ҷиҳати иҷрои супориши Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқаи кишвар, ки моҳи сентябр содир шудаст, сар аз 1-уми ноябр арзиши тамос бо Русия барои ҳар дақиқа 10 сенти амрикоиро ташкил хоҳад кард. Дар назар аст, зангҳо аз ҳама операторони мобилии Тоҷикистон ба ҳама ширкатҳои мобилии Русия, сарфи назар аз он ки бо рамзҳои 00, #8, +7 ё 810 чида мешаванд, барои ҳар дақиқа 10 сент қимат хоҳанд дошт. Ин нишондод нисбат ба нархгузориҳои мавҷуда ҳудуди 100 дарсад бештар аст.

Аз ҷумла, ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» дар ҳоли ҳозир арзиши як дақиқаи тамос бо Русияро 6 сент муайян намудааст. Дар ҳолатҳои алоҳида, арзиши тамоси аз ин ҳам камтарро ташкил медиҳад.

Аммо Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, айни ҳол нархи алоқаи мобилӣ бо Русия барои ҳар

Бег Зуҳуров

дақиқа 10 сентро ташкил медиҳад. Ба далели пешниҳодкардаи «Озодӣ», ки баъзе ширкатҳо айни ҳол барои ҳар дақиқа 6-сентӣ ва аз он камтарро мегиранд, ҷавоб дод, ки ин «аксия»-и ширкатҳо аст: «Акнун мо нархи алоқаи мобилиро бо Русия ба як сатҳ овардем.»

Ба ин суол, ки оё муайян намудани нархи ягона барои ҳамаи ширкатҳо дар ҳаҷми 10 сент рақобатро аз байн намебарад, ҷаноби Бег Зуҳуров «не» гуфт: "Онҳо метавонанд нархҳоро аз 10 сент ҳам боло баранд. Аммо аз ин арзонтар кардан наметавонанд."

Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории кишвар нархи хизматрасониҳои роуминги байналмилалиро дар ширкатҳои «Индиго Тоҷикистон», «Таком», «Вавилон Мобайл» «ТТ Мобайл» ва «Сомонком» мавриди санҷиш қарор дода, нисбати «Таком»-у «ТТ мобайл» парванда оғоз карда буд.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки ширкатҳои «ТТ мобайл» бо тамғаи «Мегафон Тоҷикистон» ва «Таком» бо тамғаи «Билайн» роуминги байналмилалиро бо нархи паст ҷорӣ кардаанд: «Ин нисбати дигар ширкатҳое, ки дар бозори алоқаи мобилӣ фаъолият доранд, фазои носолими рақобатро ба вуҷуд меовард».

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, ба ҳамин далел ду ширкати зикршуда, барои вайрон намудани қонунгузории зиддинҳисорӣ ҷарима шуданд. Аз ҷумла аз ширкати «ТТ мобайл» ба маблағи 94 ҳазору 421сомонӣ ва аз ширкати «Таком»-и маъруф бо «Билайн» ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 6 ҳазор сомонӣ, ҷарима ситонида шуд.

Дар ҳоле, ки ниҳодҳои давлатӣ ширкатҳои мобилиро барои нархугузориҳои арзон
ҷазо дода, водор ба афзоиши нархҳо мекунанд, ин амр норозигии бисёре аз сокинони кишварро ба бор овардааст. Айни ҳол ҳудуди 1 миллион нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба сар мебаранд ва воситаи асосии робита бо пайвандонашон, телефони мобилӣ мебошад.

Нигор Холиқова, як модари тоҷик, ки ду фарзандаш дар Русия қарор доранд, дар шароити мушкили зиндагӣ дар Тоҷикистон қимат намудани нархи алоқаро камоли «беинсофӣ» гуфт: «Ҳаёти вазнин дар Тоҷикистон имрӯз волидону фарзандонро зиндаҷудо кардааст. Ақалан ҳамин алоқаро қимат накунанд, ки овози фарзандонамонро бештар шунавем».

Сокинони кишвар мегӯянд болоравии нархи алоқа бо Русия хароҷоташонро зиёд хоҳад кард ё онҳоро водор менамояд, ки бо пайвандонашон тамоси камтар дошта бошанд.