Худкушӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегуяд, мавориди худкушӣ дар Тоҷикистон тайи соли равон 18 дар сад афзудааст. Бино ба иттилоъи расмии вазорат, тайи 9 моҳи гузашта дар кишвар андаке бештар аз 222 нафар худкушӣ кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 34 нафар бештар аст. Дар миёни онҳое, ки ҷони худро гирифтаанд, 40 ноболиғ ва 78 зан будаанд. Сабабҳои аслии худкушӣ дар Тоҷикистонро муноқишаҳои хонаводагӣ ва мушкилоти иҷтимоии зиёд медонанд.