Максим Боқиев бо дархости Амрико боздошт шудааст

Максим Боқиев

Пулиси Лондон писари раҳбари собиқи Қирғизистонро бо дархости Амрико дастгир кардааст. Амрико Максим Боқиеви 34-соларо ба қасди фиребгарӣ ва тағйири рафти мурофиа айбдор мекунад. Дар Қирғизистон фарзанди Қурмонбек Боқиевро, ки дар аҳди падараш раҳбари ожонси давлатии сармоягузорӣ буд, низ ба тасарруфи миллионҳо доллар маблағҳои давлатӣ айбдор карда, таъқиби ӯро аз Интерпол хостаанд. Аммо Бишкек бо Лондон ҳанӯз созишномаи истирдод имзо накардааст. Максим Боқиев баъди барканории падараш дар моҳи апрели соли 2010 аз Қирғизистон фирор кард.