Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар мулоқоти инак дувумаш бо пайвандони Ҳамза Икромзода гуфтааст, ки алайҳи се мақоми зиндони рақами яки Душанбе таҳқиқот шурӯъ шудааст. Икромзодаи 27-сола рӯзи 20 сентябр дар ҳамин зиндон даргузашт ва дар ҳоле ки пайвандонаш мегӯянд, ки ӯро бо шиканҷа куштаанд, мақомот иллати марги ин маҳбусро худкушӣ мегуфтанд. Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза гуфт, Шерхон Салимзода онҳоро итминон дод, ки омилони марги ӯро пайдо хоҳанд кард. Марги Ҳамза Икромзода дигарбора масъалаи вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикистонро вирди забонҳо кард. Дар пайи муроҷиати падари Икромзода таҳқиқи ин қазияро раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳти назорат гирифт.