Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон «амиқан нигарон»-и Маскав аст, ки то ҳол режими Башор Асадро бо маводе таъмин мекунад, ки метавонад барои ҷанг алайҳи чирикиҳо истифода шавад.
Ин вокуниш ба дунболи рӯзи 10 октябр дар Туркия иҷборан ба замин нишондани ҳавопаймои мусофирбарест, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 11 октябр гуфт, ки ин ҳавопаймо барои режими Асад таҷҳизот ва лавозимоти низомӣ мебурд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи ҷумъа гуфт, дар ин ҳавопаймо ҷузъҳои радарро ба таври қонунӣ ба Сурия мебурданд. Лавров бидуни бурдани исми ширкатҳои дар ин муомила дахили Русияву Сурия гуфт, ширкати русӣ аз Туркия баргардондани таҷҳизоти мусодирашударо тақозо хоҳад кард.
Сергей Лавров гуфт, ин мавод “табиати дугуна” дошт, яъне метавонист ҳам бо аҳдофи низомӣ ва ҳам бо аҳдофи ғайринизомӣ истифода шавад. Аммо вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон ба инки дар Туркия “таҷҳизоти ҷиддии низомӣ” ёфт ва мусодира шудааст, шакк надорад.
Сухангӯи ин вазорат Виктория Нуланд гуфт, интиқоли ин мавод шояд қонунӣ бошад, вале ин “қонунмандӣ” танҳо ба маҳзи мамониати Русияву Чин дар Шӯрои Амнияти СММ ба эъмоли таҳрими аз ҷумла силоҳ алайҳи режими Асад аст.
“Таҳримоти Шӯрои Амният барои он нест, ки аъзои Шӯрои Амният Русияву Чин то ҳол ба ин таҳримҳо мамониат мекунанд. Бақия дар Шӯрои Амният ба сурати якҷониба тамоми корро мекунанд, ки режими Асад аз хориҷ кумак дарёфт накунад,”- афзудааст хонум Нуланд.
Иҷборан дар Туркия пойин кардани ин ҳавопаймо дар ҳолест, ки таниш байни Димишқу Анкара дар пайи тӯпборонҳои марзӣ меафзояд. Ҳафтаи гузашта бар асари таркиши снаряде, ки аз дохили Сурия андохта буданд, ду зан ва 3 кӯдак дар шаҳри марзии Оқчақалъаи Туркия кушта шуданд.
Бо ин ҳол, дар дохили Сурия чирикиҳо бо нашри як навори видеоӣ иддао кардаанд, ки пойгоҳи зиддиҳавоии Ал-Таъона дар шарқи Ҳалабро ба даст овардаанд. Ҷангҳо барои Ҳалаб – бузургтарин шаҳри Сурия ва пойтахти тиҷоратии ин кишвар – байни чирикиҳо ва нирӯҳои Башор Асад чанд моҳ боз идома дорад.