Зимистон барои масъулин боз "ғайричашмдошт" меояд?

Толибилмони тоҷик дар синфхонаи сард.Акс аз бойгонӣ

Масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, чун анъана гузориш доданд, ки ба зимистони оянда пурра омодаанд.
Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, аз истеҳсоли бесобиқаи ангишт дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар хабар медиҳад, ки ба бештар аз 300 ҳазор тонна расонида шудаст.

Масъулини вазорат мегӯянд корхонаҳои истихроҷи нафту газ ҳам нисбат ба солҳои қаблӣ ин намудҳои маводи сӯхтро зиёдтар тавлид намудаанд. Инчунин имсол бо мақсади қонеъ намудани талаботи дохилӣ, содироти ангишт ба хориҷа манъ шудаст, гарчанде ба гуфтаи масъулини вазорати энергетикаю саноат ин қарор ба зарари корхонаҳои истихроҷи ангишт мебошад.

Дар ҳамин ҳол, бо ҳар рӯз зимистон наздиктар меояд ва мактаббачагоне, ки ҳар субҳ дарсхонӣ мераванд, орзу доранд, синфхонаашон дар фасли сармо гарму рӯшан бошад. Абубакр Меликов, раҳбари яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Турсунзода, ки бештар аз 1000 нафар толибилм дорад, мегӯяд то ҳозир наздики 10 тонна ангишт ва то 12 метри мукааб ҳезум захира кардааст. Ӯ изҳор дошт, ки ин «боигарӣ» дар байни синфҳо тақсим шудааст: «Як килограммӣ карда, бачаҳо худашон ангиштҳоро ҷо ба ҷо мекунанд. Ҳар як синф ангиштро дар салафанҳо гирифта мемонад ва дар зимистон истифода мебарад.»

Ба гуфтаи Абубакр Меликов, ҳарчанд масъалаи гарм кардани синфхонаҳо дар фасли сармо то андозае ҳалли худро ёбад ҳам, бинобар маҳдудияти нерӯи барқ, таъминот бо рӯшноӣ ва корбурди компютерҳо мушкил хоҳад буд.

Дар баробари соҳаи маориф, муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон низ дар фасли зимистон яке аз соҳоти осебпазир маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки дар пайи дастури раисиҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе, идораи тандурустии пойтахт кӯшиш дорад, то зимистонро «мусаллаҳ» «пешвоз» бигирад. Ба иттилои Абумуслим Темуров, сардори ин идора, феълан дар пойтахт 62 муассисаи тандурустӣ ҳаст ва ҳамаи онҳо бо хати доимии барқ, ки аз зеристгоҳ рост ба муассисаҳои мазкур интиқол меёбад, таъминанд.

Аммо барои эҳтиёт, ба гуфтаи ҷаноби Темуров, муассисаҳои беҳдоштии пойтахт ангишту ҳезум ва дигар маводи сӯхтро низ захира кардаанд: «Ҳозир 90 тонна ангишт ва 130 метри мукааб ҳезим захира кардаем. 15 беморхонаи дигар баробари гирифтани гармии мутамарказшуда, боз дегхона доранд ва ба таври локалӣ гарм карда мешаванд. Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки муассисаҳои табобатӣ ва профилактикии шаҳри Душанбе пурра ба зимистони солҳои 2012-2013 омодаанд».

Дар ин бахш ҳам мушкили асосӣ дар деҳот ҷой дорад, ки бисёри бунгоҳҳои тиббӣ барқ надоранд ва ин сатҳи хизматрасониҳоро коста мегардонад.

Барфрезии шадид ва ях бастани роҳҳои кишвар аз мушкили дигари фасли зимистон аст, ки ба банд шудани «қатораи мошинҳо» дар гарданаҳо ва зери тарма мондани сокинон сабаб мегардад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба зимистон омодагӣ гирифтаед?



Дар бештари маворид саҳлангории ниҳодҳои марбута ва омода набудани онҳо ба ҳаводиси табиӣ, паёмади номатлуб ва талафоти ҷонӣ ба бор меорад. Ба суол, ки оё имсол низ моро мушкилоти шабеҳи зимистонҳои пешин интизор хоҳад буд, Эгамбердӣ Хуҷаев, мутахассиси Департаменти хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт посух гуфт, ки бо сабақ аз зимистони солҳои гузашта омодагии вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он ба фасли сармо беҳтар аст: «Дар муассисаҳо ҳама маводи лозимӣ, техникаҳо дар ҳоли омодшавиянд. Ва ин тайёриҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Омодагиҳо нисбат ба солҳои пештара хубтар аст имсол.»

Барои сокинони Тоҷикистон муҳимтарин чиз дар фасли зимистон ҳамоно нерӯи барқ аст, ки на танҳо хонаҳоро гарму рӯшан месозад, балки барои фаъолияти муназзами кулли корхонаву муассисаҳо ҳаётист. Маҳдудияти нерӯи барқ дар деҳот, ки имсол нисбати солҳои гузашта барвақттар шурӯъ шудааст, нигаронии мардумро дучанд намудаст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат дар сурати лимит ҳам, иншооти ҳаётан муҳим, ба хусус беморхонаҳо ва таваллудхонаҳо бемаҳдудият бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд:«Аз тарафи «Барқи тоҷик» тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, ки объектҳои ҳаётан муҳим бо барқ куллан таъмин бошанд».

Аммо таҳлилгарон ба ҳарфҳои масъулони давлатӣ бо назари шубҳа менигаранд ва дуруст будани маълумот дар ин бора ки, омодагӣ ба зимистони оянда сад дар сад дуруст аст, зери суол мебаранд.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержӣ мегӯяд, мақомот аксаран дар ин маврид иттилои носаҳеҳ медиҳанд, ки мо ҳамавақт дар фасли сармо шоҳиди он мегардем: «Ҳама омодагӣ мегиранд ва ҳама сад дар сад рапорт медиҳанд, ки омодаем. Лекин ҳамин, ки борон ё шамоли якум шуд, хонаи мардум торикистонро мемонад. Таҷрибаи ҳамасола ҳамин хел аст. Сардиҳо, ки расиданд, дар ҳама ҷо камбудиҳо ошкор шуда, ноомодагиҳо маълум мегарданд.»

Дар ҳамин ҳол, бинобар иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони имсола нисбат ба зимистони солҳои пешин сардтар мешавад.Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази обуҳавошиносӣ ба РО гуфт, ""ҳарорати ҳаво нисбат ба солҳои пеш аз меъёр як дараҷа хунуктар дар назар аст."

Бо таваҷҷӯҳ ба пешгӯйиҳои обуҳавосанҷон дар бораи сардиҳои эҳтимолӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар хитоб ба мардуми кишвар гуфт, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи ғизо ва маводи сӯхт дошта бошад. Ин ҳушдорест, ки дар гузашта низ аз забони президент Раҳмон садо додааст.

Имсол ба дунболи ин ҳушдори раисиҷумҳур нархи маводи ғизоӣ, ба хусус орд боло рафт ва ҳамакнун ҳар халтаи 50 килограмаи орд дар дӯкону бозорҳои кишвар ба 160 то 180 сомонӣ расидааст. Ба эҳтимоли зиёд дар ҳафтаи наздик ва дар арафаи иди Қурбон низ нархи маҳсулоти ниёзи аввал қимат хоҳад шуд. Зеро дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи мусалмонӣ аст, ба фарқ аз дигар кишварҳои исломӣ нархи маҳсулот дар бозору дӯконҳо ба ҷои арзон шудан гарон мешаванд.

Изҳороти масъулин оиди омодагиашон ба зимистони оянда, то куҷо воқеӣ аст, чанд моҳ баъд муайян хоҳад шуд.